Нерӯҳои ҳавоии Амрико пойгоҳҳои Толибонро дар вилояти Бадахшон бомбаборон карданд

© AP / Hoshang HashimiВоеннослужащие США в Афганистане, архивное фото
Военнослужащие США в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои Амрико дар Афғонистон пойгоҳҳои омӯзиши теруристҳои “Толибон” ва “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” дар вилояти Бадахшонро бомбаборон карданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҳавопаймоҳои бомбафкани дурпарвози Амрико бар пойгоҳҳои омӯзишии Толибон ва "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ" дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистону Чин зарба заданд, эълом дошт фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии НАТО дар Афғонистон Ҷеймс Ҳекер.

"Дар давоми ҳафтаи гузашта, нерӯҳои низомии ИМА амалиёти ҳавоӣ алайҳи пойгоҳҳои омӯзишии "Толибон" ва "Ҷунбиши исломӣ" дар вилояти Бадахшон ба анҷом расониданд. Ин амалиёт ба теруристҳо имкон надод то амалиёти худро дар наздикии марз бо Чин ва Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд", — гуфт Ҳекер.  

Ба гуфтаи вай, дар ин амалиёт худравҳое низ нобуд карда шуданд, ки теруристҳо аз низомиёни Афғонистон дуздидаву барои баргузории амалиёти ҳаросафканӣ бомбгузорӣ карда буданд.

Ҳекер афзуд, ки нерӯҳои амрикоӣ дар ин амалиёт бомбафканҳои стратегии В-52 Sratofortress ва бумбҳои ҳушманди нуқтазанро ба кор бурдаанд.  

Нерӯҳои ҳавоии Амрико дар ин ҳафта камобеш 25 амалиёт анҷом додаанд ва нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ду баробар бештар, гуфт фармондеҳи амрикоӣ.

Вай тавзеҳ дод, ки ин зарбаҳо гурӯҳи уйғурии "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ"-ро, ки дар Чин мустаққар аст, ҳадаф нагирифтаанд, балки пойгоҳҳои омӯзишиеро бомбаборон кардаанд, ки уйғурҳо ва Толибон ҳамроҳ истифода мебаранд.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки Кохи Сафед таи чанд моҳ болои стратегияи нави ИМА дар Афғонистон кор мекунад. Аз рӯи гуфтаи сарчашмаҳо, раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп аз он изҳори таассуф кардааст, ки ИМА, тибқи гуфтаи худи ӯ, дар Афғонистон "ҷангро бой медиҳад" ва аз муттаҳидони худ дар НАТО шикоят кард.

Муовини вазири дифои ИМА оид ба умури амниятӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором Риндалл Шривер қаблан гуфта буд, ки харҷу сарфи амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон дар соли 2018 барои Вашингтон то ба 45 миллиард доллар хоҳад расид.

Шривер дар Сенат суханронӣ намуда, шарҳ дод, ки ин маблағ инчунин ҳазинаҳои артиши ИМА дар Афғонистон ба андозаи 13 миллиард доллар, ҳазинаҳо барои низомиёни Афғонистон ба андозаи 5 миллиард доллар, ва ҳамчунин ҳазинаҳо барои кӯмакҳои иқтисодӣ ва таъминоти ҳамлу нақл ба андозаи 780 миллион долларро дар бар мегирад.

Намояндаи Пентагон дар кумитаи сиёсати хориҷаи сенат бори аввал, пас аз ним соли эълон кардани стратегияи нави Амрико дар Афғонистон аз ҷониби раисиҷумҳур Доналд Трамп, баромад кард. Дар айни ҳол, Шривер маблағи тахминии ҳазинаҳоро барои стратегияи нав эълом карда натавонист. 

Сенаторҳо ҳазинаҳои низомии амрикоӣ дар Афғонистонро барои соли 2018 зери тозиёнаи танқид гирифтанд ва хостори донистани он буданд, ки маъмурияти раисиҷумҳур оё қасд дорад, ки намояндагони ҳаракати радикалии "Толибон"-ро паси мизи гуфтушунид нишинонад ва ба ин ҷанг, ки 17 сол боз идома дорад, хотима диҳад. Чунончи, сенатор Рэнд Пол эълон кард, ки миллиардҳо доллар "дар Афғонистон ҳазина мешавад", вале кишвар ҳамчунон "қодир ба ҳимоя кардан аз худ" нест.

Муовини вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Салливан, ки пас аз Шривер суханронӣ кард, стратегияи нави амрикоиро дар Афғонистонро дастгирӣ намуд. Ӯ гуфт: "Ман мефаҳмам, ки ин тулонитарин ҷанги Амрико аст, аммо манфиатҳои амниятии мо дар Афғонистон ва дар  минтақа хеле муҳимм аст, то ки ҳукумати Афғонистонро дар муборизааш бо толибон дастгирӣ кунем", — гуфтааст Салливан.

Лентаи хабарҳо
0