Пулис дар Ироқ, акс аз бойгонӣ

Ҷангиёни ДОИШ даҳ тан аз сокинони осоиштаи Ироқро куштанд

48
Ҷангиёни ДОИШ дар қисмати роҳи Боғдод-Киркук, наздикии рустои Мафтул, гузаргоҳи тафтишотии тақаллубӣ сохтанду, 10 тан аз сокинони осоиштаро куштанд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. На камтар аз даҳ тан ироқиён қурбони камингирии ҷангиёни маргталаби ДИ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гаштанд, ки он дар қисмати роҳи Боғдод-Киркук рух додааст, хабар дод телеканали маҳаллӣ Al Sumaria бо ишора ба манбае аз ниҳодҳои амнияти давлатӣ.

"Ҷангиёни маргталаби ДИ дар қисмати роҳи Бағдод-Киркук, наздикии рустои Мафтул, гузаргоҳи тафтишотии тақаллубӣ сохтанду, 10 тан аз сокинони осоиштаро куштанд", — иттилоъ дод манбаъ.

Вай ҳамчунин илова кард, ки низомиёни ниҳодҳои далатӣ атрофи ҷои ҳодисаро ба ҳалқа гирифтаанду, террористонро ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар моҳи феврали соли равон губернатори Киркук, остони шимолии Ироқ, Ракан ал-Ҷабурӣ ба РИА Новости иттилоъ дода буд, ки гурӯҳҳои "хобидаи" ДИ дар ин остон ба сокинон таҳдид мекунанд, ҷангиёни шабона ба хонаҳо ҳамла мекунанду, одамонро ба яғмо мебаранд.

Дар моҳи март ихтиёриёни ироқӣ гуфтанд, ки дар остони Киркук амалиёти муштараки низомӣ ҳамроҳ бо полиси федеролӣ, барои бартараф кардани гуруҳҳои ифротгарои ДИ мубориза бурда истодаанд.

Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ моҳи декабри соли гузашта дар бораи ғалабанок тамом шудани ҷанг бар зидди ДИ эълон карда буд, вале баъдтар таъкид намуд, ки мубориза бар зидди гурӯҳҳои "хобидаи" ДИ ногузир аст.

48
Барчаспҳо:
куштор, ДОИШ, Дар ҷаҳон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

123
(Таҷдидшуда 14:29 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти одимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар минтақаи шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол тафтиш карданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

123
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Клуб самбо Рико

Қаҳрамонии самбо бидуни тамошобин дар Сербия баргузор мешавад

14
(Таҷдидшуда 13:05 27.09.2020)
Туркманистон ба далели пандемияи коронавирус аз мизбонӣ намудани ин мусобиқаи ҷаҳонӣ даст кашид. Акнун ба ҳайси мизбон шаҳри Нови Сади Сербия пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сад (Сербия) доир мешавад. Дар ин бора қарори Федератсияи байналмилалии самбо ба тасвиб расид.

Ба иттилои сомонаи расмии федератсияи байналмилалии самбо, чорабинӣ ҳамроҳ бо Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат мегирад ва давоми 4 рӯз – 5-8 ноябр идома меёбад.

Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

Ин мусобиқа мебоист дар шаҳри Ашқобод баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус Федератсияи самбои Туркманистон аз мизбонӣ кардани мусобиқа даст кашид.

Зимнан, президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков гуфт, мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва профилактикаи баъд аз пандемияи COVID-19" доир мегардад.

"Аз гашту гузори варзишгарон дар шаҳр ҷилавгирӣ шуда, ҳамчунин дар толори варзишӣ риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатман риоя мешавад", - изҳор дошт Шестаков.

Ба гуфтаи ӯ, мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қисмати финалии қаҳрамонӣ дар шабакаи телевизионии "Eurosport" ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.

14
Барчаспҳо:
самбо, қаҳрамонӣ, Сербия
Мигранты в аэропорту

161 ҳолат дар як рӯз: бад шудани вазъи коронавирус дар Қирғизистон

0
(Таҷдидшуда 14:31 27.09.2020)
Дар Қирғизистон пас аз як моҳи ба эътидол омадани вазъи коронавирус, боз мавориди олуда шудани сокинон ба ин маризӣ афзоиш ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар дасти кам 161 нафар тоза дардманди коронавирус шуданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус хабар дод, ки аз ҳама беш шумораи гирифторон дар вилояти Ботканд ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи ахир дар ин вилоят 45 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 29 ҳолат, Ҷалолобод 23 ва Ош 33 мавриди тоза мубтало шудани сокинон ба қайд гирифта шуд.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Дар минтақаҳои дигари ин ҷумҳурӣ, сатҳи сироятёбии сокинон нисбатан камтар сурат гирифтааст.

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон шумораи умумии гирифторони коронавирус 46 251 нафар буда, ҳамчунин 1063 нафар аз замони авҷ гирифани ин маризӣ то ҳол ҷон аз даст доданд.

0
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Қирғизистон