Кабул, архивное фото

Наврӯзи хунбор дар Кобул: ДОИШ боз ҳам даст ба куштор зад

143
(Таҷдидшуда 18:14 21.03.2018)
Гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" бо интишори паёме дар сафҳаи фейсбукиаш масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ба маросими ҷашни Наврӯз дар Кобулро ба уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" бар мардуме, ки дар Кобул Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, ҳамла кард.

Теруристҳои "Давлати исломӣ" дар хиёбоне миёни Донишгоҳи Кобул ва Алиобод дар наздикии Кортаи Сахӣ – ҷое ки ҷашни Соли нав баргузор мешавад, ҳамлаи интиҳорӣ анҷом доданд.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Афғонистон, дар ин ҳодиса 29 кас кушта ва 52 кас захмӣ шуда ва бештари осебдидагон мардуми шаҳрӣ ҳастанду лашкарӣ дар миёнашон камтар аст.

Масъулияти ин инфиҷорро гурӯҳи теруристии ДОИШ бар уҳда гирифт.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳамларо "ҷинояти зиддибашарӣ" хонда таъкид кардааст, ки ҳаросафканон наметавонанд монеъи хушӣ, омӯзиш, фаъолиятҳои рӯзона, тавсеъа, ободонӣ ва муносибатҳои миллӣ ва мазҳабии мардуми Афғонистон шаванд.

143
Барчаспҳо:
инфиҷор, ДОИШ, Кобул, Дар ҷаҳон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)