Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон: Тоҷикистон ҳамаи кишварҳои ҳамсояро сероб мекунад

81
(Таҷдидшуда 12:45 23.03.2018)
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии "Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор" гуфт, ки ҶТ ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, дар самти истифодаи обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии "Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор" суханронӣ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раисҷумҳур гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.

"Мо бар онем, ки гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад", — гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, вобастагии бевоситаи ин ду омили муҳимми рушди устувор бараъло зоҳир мегардад.

Дар Тоҷикистон солона тақрибан 18 миллиард кВт. соат неруи барқ истеҳсол мешавад ва ин ҳамагӣ 3-4 фоизи иқтидорҳои мавҷудбудаи кишварро, ки ба 527 миллиард кВт. соат неруи барқ дар як сол мерасанд, ташкил медиҳад.

Аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар кишвари мо масъалаи обтаъминкунии як қатор соҳаҳои иқтисодиёт аз ва мавҷудияти неруи барқ вобастагӣ дорад.

Бо дарназардошти робитаи қавӣ миёни ин ду соҳа, инчунин бо мақсади беҳсозии мудирияти давлатӣ, моҳи майи соли 2013 мо онҳоро зери сохтори ягонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муттаҳид намудем ва он бо роҳандозии идораи ҳамгироёна ва ҳавзавии захираҳои обӣ фаъолона машғул мебошад.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя, дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Дар навбати аввал ин ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад.

Сониян, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат сурат гирад.

Ахиран, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.

Дар анҷоми суханронии худ мехоҳам изҳори умед намоям, ки чорабинии имрӯза дар мавриди муҳокимаи вобастагии мутақобил байни захираҳои об ва энергетикӣ, инчунин барои таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи фарогир, оқилона ва устувори захираҳои табиӣ саҳми иловагии худро хоҳад гузошт.

81
Барчаспҳо:
суханронӣ, Ню-Йорк