Раҳмон ба мардуми Миср сулҳи пойдор ва рифоҳу шукуфоӣ орзу кард

© Sputnik / Валерий Шустов / Гузариш ба медиабонкКаир, архивное фото
Каир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Миср барқияи шодбошӣ равон кардаву ба мардуми ин кишвар сулҳи пойдор ва рифоҳу шукуфоӣ орзу кардааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар барқияҳои табрикӣ ирол кардаанд, омадааст дар хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар барқияи табрикии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кишвардори Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси омадааст:

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатъиян маҳкум мекунем: Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Миср изҳори ҳамдардӣ кард

"Ҷаноби Олӣ, бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб сидқан табрику таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо зина ба зина рушд ёфта, ҷанбаҳои нави созандаро пайдо кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳояшро бо кишвари дӯсти Миср баланд арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи ҳар ду ҷониб тамоми имкониятҳои дар ин самт мавҷуда мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ мавриди истифодаи самаранок қарор хоҳанд гирифт.

Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Миср сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоӣ орзу менамоям".

Табрикоти кишвардори Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси ба Эмомалӣ Раҳмон:

"Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо арзи дуруду салом, дар чаҳорчӯби муносибатҳои бародарӣ ва дӯстӣ, ки кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайванданд, бо камоли масаррат ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимии худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсти мо ирсол менамоям. Мо ба ин муносибатҳо арҷ мегузорем ва онҳоро гиромӣ медорем.

Мехоҳам ба Шумо, ҷаноби Президенти арҷманд, итминон диҳам, ки мо хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳои вежаи дӯстӣ ва ҳамкории самарбахш байни ду кишвар ва мардумони дӯстамон ҳастем. Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки ҳамоҳангсозиҳо ва робитаҳоро дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаамон идома дода, таҳким бахшем, то онҳо ба сатҳи муносибатҳои фарогири ҳамкорӣ байни ду кишвар боло бардошта шаванд.

Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ, ба кишвари дӯсти Шумо баракоту пешрафт ва ба мардуми меҳнатқарини он осоишу шукуфоӣ орзу менамоям. Ба манзури ноил шудан ба пешрафти бештар дар чаҳорчӯби муносибатҳои ҳамкории созандае, ки моро ба ҳам мепайванданд, умедвори кору фаъолияти зич бо кишвари дӯсти Шумо ҳастам.

Лутфан, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти комёбиву пирӯзии моро ба унвонатон бипазиред".

Лентаи хабарҳо
0