Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев, ак4с аз бойгонӣ

Назарбоев: ба муносибатҳои шахсиам бо Путин баҳои баланд медиҳам

82
(Таҷдидшуда 13:19 11.04.2018)
Ба гуфтаи раисҷумҳур, Қазоқистон то ҳол хостори рушди муносибатҳои дуҷониба ва дар сатҳи байналмилалӣ бо Русия аст

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълом дошт, ки ба муносибатҳои шахсиаш бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин баҳои баланд медиҳад.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Остона як қатор сафирон, аз ҷумла сафири Русия Алексей Бородовкин ба раисҷумҳури Қазоқистон эътимоднома супориданд.

"Муносибатҳои Русия ва Қазоқистон намунаи мунсоибатҳои байналмилалии ҳамкориҳои стратегӣ мебошад. Ба туфайли ҳамкориҳои зиччи мо Иттиҳоди байналмилалии "Иттиҳоди иқтисодии Уросиё" кори худро бо муваффақият анҷом медиҳад",- гуфтааст Назарбоев пас аз қисми расмии маросим.

Тавре ӯ афзудааст, рушди ҳамкориҳои байни Қазоқистон ва Русияро мардуми ҳар ду кишвар ҳам ҳамаҷониба тарафдорӣ мекунанд.

"Ман ба муносибатҳои шахсии неки худ ва Владимир  Владимирович Путин баҳои баланд медиҳам. Ба фикри ман, пирӯзии мутлақи вай дар интихобот — далели он аст, ки мардуми Русия роҳи интихобкардаи роҳбари худро дар роҳи рушд дар оянда, мустаҳкам шудани нақши геопалитикии Русия, ҳамчунин ҷоннисорӣ ва фидокориҳои раисҷумҳурро нисбати кишвараш қадр мекунанд",- гуфтааст Назарбоев.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, Қазоқистон то ҳол мехоҳад муносибатҳояшро бо Русия дар сатҳи дуҷониба ва байналмилалӣ рушд диҳад.

82
Барчаспҳо:
муносибат, Нурсултон Назарбоев, Владимир Путин, Дар ҷаҳон
Генеральный директор Ассоциации Аэропорт Виктор Горбачев

Горбачёв дар бораи омодагии фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои барқарории парвозҳо гуфт

82
(Таҷдидшуда 23:48 24.10.2020)
Пас аз кушодани сарҳадҳо, ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳои ИДМ-ро аз сар гирифтан мумкин аст, гуфт директори генералии Ассотсиатсияи "Фурудгоҳ" Виктор Горбачёв

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

"Ҳоло муҳим аст, ки парвозҳо ҳадди аққал ба ҳамсоягон ва Русия дубора аз сар гирифта  шаванд, дар он сурат барқарорсозӣ хоҳад шуд",- гуфт Горбачёв ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, авлавияти аввалин кушодани марзҳост. Вақте ки табибон марзро боз мекунанд, он гоҳ муҳокимаи барқарор кардани парвозҳо оғоз мешавад, таъкид кард ӯ.

Ба андешаи ӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд дубора парвозҳоро дар тӯли як ҳафта омода кунанд, дар ин давра нуқтаҳои санҷиши иловагӣ кушода мешаванд, вагарна онҳое, ки меоянд, пас аз расидан бояд карантинии дуҳафтаинаро гузаранд.

Ҳама фурудгоҳҳои ИДМ пас аз иҷозаи тиббӣ пас аз як ҳафта омода мешаванд.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Вай инчунин қайд кард, ки ҳамаи фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳо ба хориҷ аз он анҷом дода мешаванд, бо ҳама чизҳои зарурӣ барои ташхисҳои экспресс таъмин мебошанд, ки натиҷаро дар як соат медиҳанд.

82
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, парвозҳо, Русия, Тоҷикистон
Хабиб Нурмагомедов

Хабиб зидди Гетҷи: навори пурраи муҳориба

332
(Таҷдидшуда 03:27 25.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов бори дигар дар майдон пирӯзӣ ба даст овард ва ба Ҷастин Гетҷи имкон надод, ки бар ӯ дастболо шавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мубориза миёни ду варзишгар хеле шадид оғоз шуд ва Нурмуҳаммадо бошад аз усулҳои маъмулаш кор мегирифт. Гетҷи низ аз худ маҳорат нишон дода, ба ҳамлаҳои Ҳабиб ҷавоб медода ва ҳатто як-ду лаҳзаи хатарнокро низ ба вуҷуд овард.

Дар даври аввал Ҳабиб аз рақибаш бартарӣ дош.

Марҳилаи дувуми панҷ дақиқагӣ низ ба ҳамин монанд оғоз ёфт - Нурмагомедов рақиби худро фишор дод, аммо табодули шадиди муштзанӣ ба вуқӯъ наомад

Паҳлавони Доғистон кӯшиш кард, ки рақиби худро бо услуби ғайриоддӣ зарба зада, аммо дар охир аз усули анъанавияш кор гирифт.

Пас аз 1,5 дақиқаи даври дуюм, Хабиб Гетҷиро ба кунҷи майдон афтонид ва ҳангоми талоши раҳоӣ кардани ҳарифаш ӯро буғӣ кард. Дар натиҷа Гетҷи мағлубиятро пазируфт ва ғолибият насиби Ҳабиб гашт.

Пас аз анҷоми муҳориба ӯ гуфт ғалабаашро ба падари марҳумаш мебахшад ва аз внҷоми корномаи варзишияш хабар дод.

Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод-видео

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин муҳорибааш хоҳад буд.

332
Выборы президента в Таджикистане

Як қадам пеш: намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон чораҳои мубориза бо COVID-19-ро арзёбӣ кард

0
(Таҷдидшуда 09:34 25.10.2020)
Чӣ гуна чораҳои маҳдудкунанда дар мубориза бо пандемияи коронавирус кӯмак мекунанд, шарҳ дод, роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Таҷриба ва дониш дар бораи COVID-19 ба андешидани чораҳои оптималӣ дар мубориза бо коронавирус мусоидат мекунад, гуфт намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Тадбирҳое, ки аллакай амалӣ мешаванд ё ҳоло пешниҳод карда мешаванд, аксуламал ба вазъи кунунӣ мебошанд ва барои пешгирии бадшавии эҳтимолӣ пешбинӣ шудаанд. Ин чораҳо барои наҷоти ҷони инсон аз COVID-19 ва дар баробари ин пешгирии хатари марбут ба бемориҳои дигар ва таназзули иқтисодӣ заруранд ", - гуфт намояндаи ТУТ.

Карриева қайд кард, ки маҳдудиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ шадидтар мешаванд ва ин ба афзоиши бемории коронавирус марбут аст.

“Тадбирҳои солимии ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун як гӯшаи маҳдудият боқӣ мемонанд: онҳо бояд мунтазам амалӣ карда шаванд, бо диққати махсус ба густариши пайгирии тамос.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд барои чораҳои пешгирӣ ба пуррагӣ ширкат варзанд - муносибати тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа калидӣ аст. Мо бояд як қадам пеш бошем ",-илова кард Карриева.

Намояндаи ТУТ хулоса кард, ки кишварҳо ҳанӯз ҳам бояд барои шикастани занҷирҳои интиқол ва наҷоти ҳарчи бештари одамон чораҳо андешанд: дарёфти гирифторон, таҳқиқоти кластерӣ, ҷудокунӣ ва нигоҳубини ҳама сироятшудагон, қатъи тамос, дастгирӣ ва муҳофизати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи осебпазиртарин қишр.

Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Карриева изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус бо воситаҳои нави пешгирӣ ва табобат, аз ҷумла ваксинаҳо пурра карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
чораҳои ҷавобӣ, пешгирӣ аз бемориҳо, вируси корона, ТУТ, Тоҷикистон