Макони суқути Ил-76 дар Алҷазоир

Ҳалокати 105 кас дар паи суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алҷазоир

81
Аксари мусофирони ҳавопаймое, ки дар Алҷазоир суқут кард, низомӣ будаанд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Алҷазоир ҳавопаймои низомӣ суқут карду ҷони 105 касро гирифт.

Вебгоҳи хабарии Alg24, хабар медиҳад, ки тибқи маълуоти охир, ҳавопаймои Ил-76 суқут кардааст. Фоҷиа дар наздикии шаҳри Блид ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳавопаймо пас аз чанд дақиқаи парвоз суқут кардааст.

Ба ҷои ҳодиса 14 адад худрави ёрии таъҷилӣ равон карда шудааст. Ҳаракати нақлиёт дар навоҳии наздики ҷои ҳодиса, қатъ карда шудааст.

Аксари мусофирони ҳавопаймое, ки дар Алҷазоир суқут кард низомӣ будаанд. ҳавопаймо дар ҳудид фурудгоҳ суқут кардааст.

Дар ҳоли ҳозир имдодгарон сӯхтореро, ки дар паи садама рух додааст, хомӯш мекунанд.

Яке аз сабабҳои суқути ҳавопаймо мушкилоти фаннӣ гуфта шудааст.

81
Барчаспҳо:
суқути ҳавопаймо, Ил-76, Алҷазоир