бемористон, акс аз бойгонӣ

Писарчае пас аз 4 соли марги падару модараш ба дунё омад

331
(Таҷдидшуда 17:00 13.04.2018)
Бобову бибие аз Чин пас аз 4 соли марги фарзандонашон наберадор шуданд. Волидони набераашон дар садамае ҳар ду ҳам ҷон бохта буданд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Чин кӯдаке пас аз чор соли марги падару модараш аз найчашиша ба дунё омад, хабар медиҳад BBC News.

Модари ҷойгузин писарчаеро аз ҷанине ба дуён оврад, ки зану шавҳаре пеш аз марг монда буданд.

Пас аз садама бобову бибӣ барои истифодаи ҷанини фарзандонашон хело кӯшиш карданд. Онҳо  чанд маротиба ба додгоҳ муроҷиат карданд. Аммо додгоҳ натиҷае пешниҳод карда наметавонист, зеро ин гуна ҳолатро пештар додгоҳи Чин баррасӣ накрада буд.

Пас  садама ҳуҷайраҳои зану шавҳар  дар бемористони Нанкин дар ҷойи амн, дар  сардии 196 дараҷа, дар  зарфе бо нитрогени моеъ нигоҳ дошта мешуданд.

Додгоҳ ба волидони зану шавҳари вафоткарда иҷозат дод, ки тухмҳуҷайраҳои бордоршуда аз бемористон гиранд.

Вақте ки бобову бибӣ  ба ҷанин ҳуқуқ пайдо карданд, роҳбарияти бемористон далеле талаб кард, ки ҷанин дар бемористони дигар ҳам дар ҷойи амн нигоҳ дошта мешавад.  Бемористонҳои Чин наметавонистанд, ки хизматрасони худро дар ҳолати номаълумии ҳуқуқӣ пешниҳод кунанд.

Бибиву бобо  қарор доданд, ки ҷанинҳоро аз ба кишвари хориҷӣ баранд. Барои ин онҳо кишвари Лаосро интихоб карданд. Аммо ягон ширкати ҳавои розӣ намешуд, ки ба ҳавопаймояш  найчашишаи нитрогени моеъро иҷоза диҳад. Онҳо маҷбур ҷанинро ба воситаи мошин ба хориҷ буданд.

Аммо мушкилии  бибиву бобое, ки  аз фарзандонашон нишона мехостанд, ба итмом нарасид. Кӯдакро дар соли 2017 модари ҷойгузин ба дунё овард, аммо акнун тифл шаҳрвандӣ надошт. Писарчаро Тянтян ном гузоштанд.

Тянтян дар Лаос ба дунё омад, лекин бояд шаҳрвандии Чинро мегирифт. Бобову бибии писарак хун супорида, исбот карданд, ки тифли таваллудшуда набераи онҳост ва волидони кӯдак дар садама гузаштаанд.

331
Барчаспҳо:
таваллуд, кӯдак, Дар ҷаҳон, Чин

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

653
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

653
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

489
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

489
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ
Помощь Эмомали Рахмона для врачей ГБАО

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

0
(Таҷдидшуда 14:08 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки озуқаворӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи табибони ВМКБ кумак кард, хабар медиҳад мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят.

Бино ба иттилои манбаъ, кумаки навбатии президент, барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ COVID - 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.

"Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид", - омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳам президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 тонна кумаки иборат аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ кумак карда буд.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ВМКБ: 45 мошин маводи ғизоию тиббӣ фиристод

0
Барчаспҳо:
пизишкон, кумак, Эмомалӣ Раҳмон, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон