Раисҷумҳур Владимир Путин

Даромади солонаи Путин дар соли 2017 маълум шуд

393
(Таҷдидшуда 12:16 14.04.2018)
Раисҷумҳур дар манзиле зиндагӣ мекунад, ки масоҳати он 77 метри квадратиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ихтиёри Путин як манзили дигар низ ҳаст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вебгоҳи Кремл ҳисоботи даромади солонаи раисҷумҳури Русия Владимир Путинро барои соли 2017 мунташир кардааст.

Мувофиқи он президент дар соли 2017 18,7 миллион рубл пул кор карааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашита даромади роҳбари кишвар 8,86 милион рублро ташкил медод.

Чун пештара ҳоло раисҷумҳур як хонаи масоҳаташ 77 метри квадратӣ ва гараж дорад. Ҳамчунин дар ихтиёри Путин як манзили дигар низ ҳаст, ки масоҳати он 153,7 метри квадратӣ аст.

Бино бар иттилои манбаъ, Путин ду худрави ГАЗ М21, Ниваи ядакдор дорад. Гуфта мешавад, ки раисҷумҳур замине бештар аз 1500 метри квадратӣ надорад. 

Дар соли 2015 даромади раисҷумҳур 8,86 милион рубл будааст. Дар соли 2014 он 7, 654 миллион рублро ташкил дод. Дар соли 2015 раисҷумҳур қарор дод, ки маошашро то 10 дарсад кам мекунад.

393
Барчаспҳо:
даромад, Владимир Путин, Русия