Вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Сироҷиддин Аслов бо вазири умури хориҷаи Афғонистон мулоқот кард

31
Дар чорчӯби "Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон", дар ҳошияи ин Иҷлосия 16 – 17 апрел дар "Боғи Ирам" Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви СҲИ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта, 16 апрел дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУХ ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таъмини амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Раҳмон ба Эрон: сиёсати мо меъёрҳои духӯя надорад
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Пештар Дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом карда буд, ки 17 апрел дар шаҳри Душанбе бо ширкати вазирон ва муовинони вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Иҷлосияи 23-юми Шурои вазирони умури хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мегардад.

Қарор аст дар ин Иҷлосия раванди иҷрои созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои узв ба имзо расидаанд, равобити Дабирхонаи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ, раванди иҷрои барномаҳо ва тарҳҳои СҲИ, фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ, пешрафту арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади "Диди СҲИ 2025" бармеоянд, тасвиби Барномаи нави СҲИ барои мусоидат ба Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои идорӣ ва молии Созмон баррасӣ шаванд.

Имрӯз пеш аз оғози Иҷлосияи Шурои Вазирон мулоқоти кормандони аршади кишварҳои узв баргузор мешавад.
Ҳамчунин, дар чорчӯби "Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон", дар ҳошияи ин Иҷлосия 16 — 17 апрел дар "Боғи Ирам" Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви СҲИ баргузор мегардад.

31
Барчаспҳо:
мулоқот, Сироҷиддин Аслов, Салоҳиддин Раббонӣ, Афғонистон, Тоҷикистон