Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Муборакбод: Раҳмон ба раиси Шӯрои давлатии Куба барқияи шодбошӣ ирсол кард

36
(Таҷдидшуда 18:58 20.04.2018)
"Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намоям",- омадааст дар мактуби раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубаш ба раиси Шӯрои давлатии тозаинтихоби Куба таманниёти нек карда, таъкид  кард, ки "Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омода аст".

"Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҷумҳурии Куба самимона табрик ва таҳният менамоям. Итминон дорам, ки дар ин мақоми олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард. Мо ҳавасмандем, ки густаришу таҳкими муносибатҳои ду кишвар пайгирона вусъат ёфта, мазмуну муҳтавои фарохтарро касб намоянд. Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари Куба ва мардуми дӯсти он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам",- омадааст дар барқияи табрикотӣ.

Ёдрас мешавем, 19 апрел Маҷлиси Куа эълом дошт, ки номзадии Мигел Диас-Канелро ба мақоми раиси Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба тасдиқ кардааст.

Мигел Диас-Канел пештар мақоми муовини аввали Маҷлиси Кубаро дошт.

36
Барчаспҳо:
табрикот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Паспорт гражданина США

Беш аз 5,5 ҳазор амрикоӣ аз шаҳрвандии худ даст кашиданд: сабаб дар чист?

16
Соли гузашта, ҳамагӣ 2072 амрикоӣ аз баҳри шаҳрвандии худ гузаштанд ва шаҳрвандии дигар давлатро пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ширкати "Бамбриҷ" дар Ню - Йорк гузорише дар мавриди афзун шудани теъдоди шаҳрвандони амрикоӣ, ки аз шаҳрвандии худ даст мекашанд, интишор намуд.

Ба гузориши ин ширкат, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дасти кам 5800 нафар аз шаҳрвандони Амрико аз баҳри шаҳрвандии худ гузаштанд.

Дар ҳоле, ки соли гузашта ҳамагӣ 2072 нафар аз шаҳрвандии худ даст кашиданд.

Манбаъ меафзояд, афроде, ки тарки шаҳрвандӣ кардаанд аз иттифоқоте, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯй додааст, аз наҳваи мудирияти ҳамагирии корона ва сиёсатгузориҳо дар Амрико хаста шудаанд.

Трамп пешниҳод намуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ба таъхир гузошта шавад

Бар асоси ин гузориш, ҳар шаҳрванди амрикоӣ агар дар Амрико набошад ва бихоҳад шаҳрвандии амрикоии худро канор бигузорад, бояд 2350 доллар бипардозад ва шахсан дар сафорати Амрико дар кишваре, ки зиндагӣ мекунад, ҳузур пайдо кунад.

Бамбриҷ пешбинӣ кард бо вуҷуди хатарҳое, ки дар канор гузоштани шаҳрвандии амрикоӣ вуҷуд дорад, ин раванд ҳамчунон рӯ ба афзоиш хоҳад буд.

Дар ин гузориш омадааст, агар Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри имсол пирӯз шавад, мавҷи наве аз шаҳрвандонеро шоҳид хоҳем буд, ки шаҳрвандии амрикоии худро канор хоҳанд гузошт.

16
Барчаспҳо:
даст кашидан, шаҳрвандӣ, Амрико
Президент США Дональд Трамп

Тирпарронӣ ҳангоми суханронии Трамп дар Кохи сафед: ӯ фавран биноро тарк кард - видео

225
Дар Кохи сафед аснои нишасти матбуотӣ Доналд Трамп новобаста аз нотамом мондани ҳарафаш толорро тарк кард

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Омили асосии берун рафтани кишвардори Амрико Доналд Трамп аз толоре, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард,тирпарронӣ дар берун аз қасри президент арзёбӣ мешавад.

Дар Телеграмм наворе нашр шудааст, ки яке аз муҳофизони Кохи сафед назди Трамп омада, ба ӯ чизеро гуфт, ки кишвардор баъди ҳарфи ӯ фавран аз толор берун рафт.

Сипас маълум гардид, ки дар беруни бино нафари мусаллаҳ сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тир кушодаст ва аз тири ҷавобӣ маҳв гардидааст.

манобеи РИА Новости менависад, пас аз маҳв шудани силоҳбадаст, кишвардор дигарбора назди хабарнигорон ҳозир шуд ва нишасти хабарӣ идома ёфт.

 

 

 

 

 

225
Барчаспҳо:
навор, Кохи сафед, тирпарронӣ, Доналд Трамп