Низомиёни афғон, акс аз бойгонӣ

Дар пайи инфиҷор дар Афғонистон даҳҳо сокинони осоишта кушта шуданд

78
(Таҷдидшуда 16:10 22.04.2018)
Дар Афғонистон даҳҳо нафар дар пайи инфиҷор дар маркази сабти номи интихобкунандагон кушта шуданд. Дар марказ ҳамлагари интиҳорие дастгоҳи мунфаҷираро ба кор андохтааст

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Шумораи қурбониён дар пайи инфиҷор дар маркази сабти номи интихобкунандагон дар Афғонистон то 31 тан расида, беш аз 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамлаи хунин дар ғарби Афғонистон субҳи имрӯз рух додааст. Ҳамлагари интиҳорӣ дастгоҳи мунфаҷираро  ба кор андохтааст.

Бино бар иттилои расонаҳои кишвар, ҳодиса дар маркази сабти номи интихобкунандагон ва маркази гузарномадиҳӣ рух додаст.

Афзун бар ин, як ҳамлаи интиҳории дигар  дар маркази сабти номи вилояти Бағлон анҷом дода шуд, ки дар пайи он дастикам 7 тан кушта ва 10 нафар ҷароҳат бардоштанд. То ҳол гурӯҳе масъули  инфиҷорҳо нашудааст.

78
Барчаспҳо:
ҳамлаи хунин, инфиҷор, Афғонистон