Дидори Ким Чен Ин ва Мун Чжэ Ин. 27 апрели соли 2018

Даст ба даст: навори дидори кишвардорони Куриё дар марз

143
(Таҷдидшуда 13:29 27.04.2018)
Раисҷумҳурони Куреи Ҷанубӣ ва Шимолӣ имрӯз мулоқот мекунанд

ДУШАНБЕ, 27 апр— Sputnik. Дар интернет наворе аз дидори таърихии ду кишвардор пайдо шудааст, чӣ гуна Ким Чен Ин ва Мун Чжэ Ин дар марзи ҳарду кишвар дидор мекунанд.

Ин навор дар саҳифаи Facebook шабакаи SBS News мунташир шудааст. Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна ду кишвардор дар марз дидор мекунанд ва Ким Чен Ин дасти Мун Чжэ Инро мегирад. Ҳарду раисҷумҳурон ҳам бо табассум ба ҳамдигар нигоҳ мекунанд.

Дар мулоқот Ким Чен Ин ба ҳамтои ҷанубиаш пешниҳод кард, ки бештар дидор кунанд.

Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа сарони ду кишвар Куреи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, масоили сулҳи миёни ду минтақаро баррасӣ кунанд.

Пас аз ин суҳбат бо Мун Чжэ Ин, раҳбари Куриёи Шимолӣ бо Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард.

143
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Мун Чжэ Ин, Ким Чен Ин, Куриё
Мавзуъ
Ким Чен Ин ҳайъати Куреи Шимолиро ба Тоҷикистон мефиристад
Навори дидори Ким Чен Ин ва Сӣ Ҷинпин дар Пекин
Трамп мехоҳад бо Ким Чен Ин дӯст шавад
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

55
(Таҷдидшуда 01:06 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

 

55
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
День 19 января

Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих

45
(Таҷдидшуда 23:38 18.01.2021)
Рӯзи нунздаҳуми январ дар Белорус – Рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Исландия – Рӯзи ҳамсар таҷлил мешавад

Рӯзи 19 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1903  дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — "Тур де Франс" эълон ба нашр расид.

Соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.

Соли  2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.

Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.

Рӯзи 19 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.

Соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Соли 2018 Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан  аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон  аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 19 январ

  • Дар Белорус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

Рӯзи 19 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1798 — файласуфи фаронсавӣ, асосгузори сотсиология Огюст Конт.

Соли 1809 — нависандаи амрикоӣ, шоир, намояндаи романтизм Эдгар По.

Соли 1813 — металлурги англис Генри Бессемер.

Соли 1851 — астрономи нидерландӣ Якобус Каптейн, ки теорияи гардиши галактикаҳоро исбот карда буд.

Соли 1865 — рассоми рус Валентин Серов.

Соли 1900 — шоири советӣ ва русиягӣ, муаллифи суруди "Катюша" Михаил Исаковский.

Соли 1974 — овозхони попи Русия Влад Сташевский.

Соли 1988 — ҳунарманди кино Алексей Воробьев.

Соли 1989 — размикори муҳорибаҳои омехта Дастин Поре.

 Дастин Пуарье, архивное фото
© AFP 2020 / Logan Riely
Дастин Пуарье

Рӯзи 19 январ кӣ вафот кард

Соли 1968 — рассоми советӣ Владимир Серов.

Соли 1971 — шоири советӣ Николай Рубтсов.

Соли 2007 — овозхони советӣ Мурат Носиров.

45
Барчаспҳо:
ҷашн, таърих, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ифтитоҳи неругоҳ дар Хоруғ ва кӯч додани оилаҳо аз Бадахшон ба Хатлон: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих
Площадь Сомони в Душанбе

Борону барфи тар меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

0
Аз имрӯз сар карда, тақрибан дар саросари Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат бо барфи тар сар мешавад, ки дар кишвар чанд рӯз идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯи мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад, барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.

Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
борон, барф, сардӣ, гармӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон