Гардишгарон. Акс аз бойгонӣ

Сафири нави Олмон ҳамватанонашро ба Тоҷикистон меорад

124
(Таҷдидшуда 17:19 03.05.2018)
Дар ин бора сафири Олмон дар Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Тоҷикистон суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 3 май— Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири Олмон дар Душанбе Найтхарт Хёфер-Виссинг дидору мулоқот кардаааст, хабар емдиҳад равобити умумии Вазорат.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор вазири фарҳанг ба ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг, ки ба тозагӣ сафири Олмон дар Душанбе таъйин гардида буд, оид ба фаъолияти соҳаҳои асосии Вазорати фарҳанг маълумот додааст.

"Ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Олмон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии зерсохтори вазорат, ташкили барномаҳо ва намоишҳои муштараки фарҳангӣ суҳбат намуданд", — омадааст дар хабарнома.

Встреча министра культуры с новым послом Германии в РТ
Встреча министра культуры с новым послом Германии в РТ

Ҷаноби Найтхарт Хёфер- Виссинг гуфтааст, ки табиати зебо ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистон метавонад таваҷҷӯҳи сайёҳони олмониро ба худ ҷалб намояд.

"Барои ин ташкили чорабиниҳои сайёҳӣ дар ҳавзаи Роҳи бузурги Абрешим ба манфиати кор хоҳад буд"-, гуфтааст ӯ.

Пештар хабар дода шуд, ки гардишгарони амрикоӣ ва урупоӣ бо чор қатора тариқи "Роҳи Абрешим" ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

124
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Шамсиддин Орумбекзода, Олмон, Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

40
(Таҷдидшуда 01:06 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

 

40
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
День 19 января

Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих

37
(Таҷдидшуда 23:38 18.01.2021)
Рӯзи нунздаҳуми январ дар Белорус – Рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Исландия – Рӯзи ҳамсар таҷлил мешавад

Рӯзи 19 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1903  дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — "Тур де Франс" эълон ба нашр расид.

Соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.

Соли  2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.

Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.

Рӯзи 19 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.

Соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Соли 2018 Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан  аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон  аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 19 январ

  • Дар Белорус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

Рӯзи 19 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1798 — файласуфи фаронсавӣ, асосгузори сотсиология Огюст Конт.

Соли 1809 — нависандаи амрикоӣ, шоир, намояндаи романтизм Эдгар По.

Соли 1813 — металлурги англис Генри Бессемер.

Соли 1851 — астрономи нидерландӣ Якобус Каптейн, ки теорияи гардиши галактикаҳоро исбот карда буд.

Соли 1865 — рассоми рус Валентин Серов.

Соли 1900 — шоири советӣ ва русиягӣ, муаллифи суруди "Катюша" Михаил Исаковский.

Соли 1974 — овозхони попи Русия Влад Сташевский.

Соли 1988 — ҳунарманди кино Алексей Воробьев.

Соли 1989 — размикори муҳорибаҳои омехта Дастин Поре.

 Дастин Пуарье, архивное фото
© AFP 2020 / Logan Riely
Дастин Пуарье

Рӯзи 19 январ кӣ вафот кард

Соли 1968 — рассоми советӣ Владимир Серов.

Соли 1971 — шоири советӣ Николай Рубтсов.

Соли 2007 — овозхони советӣ Мурат Носиров.

37
Барчаспҳо:
ҷашн, таърих, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ифтитоҳи неругоҳ дар Хоруғ ва кӯч додани оилаҳо аз Бадахшон ба Хатлон: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих