Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОБСЕ в Душанбе. архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли САҲА мулоқот кард

57
(Таҷдидшуда 17:26 04.05.2018)
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба фазои бонизоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, озодбаёнӣ, фаъолияти муназзами иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба табодули андеша сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо Томас Гремингер мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дидори раисҷумҳур бо дабири кулли САҲА дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар ҷодаи таҳкими ҳамкории муштарак ва таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир иброз доштааст.

"Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи сарҳадот, хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, ки дар сархаташон терроризму экстремизм, тундгароии хушунатомез ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ меистанд, инчунин муборизаи муштарак бар зидди дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаро баррасӣ карданд",- меафзояд дафтари матбуотӣ.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ мебошад ва мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан ва орӣ аз "меъёрҳои дугона" аст.

Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд САҲА дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадоти мо, таҳкими ҳамкориҳо дар ченакҳои иқтисодию муҳити зист ва инсонӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, мусоидати фаъол менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба фазои бонизоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, озодбаёнӣ, фаъолияти муназзами иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба табодули андеша сурат гирифт.

57
Барчаспҳо:
дидор, Томас Гремингер, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Марги марди амрикоӣ пас аз чанд соати гирифтани ваксина

71
(Таҷдидшуда 15:28 24.01.2021)
То ҳол маълум нест, ин мард бо кадом навъи ваксина - Moderna ё Pfizer эм карда шудааст. Феълан дар сатҳи маҳаллӣ ва федеролӣ ин қазия тафтиш мешавад

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар ИМА як мард пас аз чанд соати гирифтани ваксина алайҳи коронавирус вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Як милисаи минтақаи Плейсер дар саҳифааш дар Facebook хабар дод, ки мард моҳи пеш гирифтори коронавирус шуда буд.

"Хадамоти тандурустии Плейсер округ ва шӯъбаи коронавируси дафтари округи Шериф дар бораи марг огоҳнома дарёфт карданд. Дар авохири моҳи декабр дар бадани ин мард бемории COVID-19 дарёфт шуд... Рӯзи 21 январ ин мард алайҳи коронавирус эм карда шуд ва пас аз чанд соат даргузашт", - омадааст дар хабарнома.

Қайд карда мешавад, ки фавтида, на дар идораи тандурустии шаҳр, балки дар дигар ҷой эм карда шудааст. Тафтишот дар чанд сатҳ -  маҳаллӣ ва федеролӣ гузаронида мешаванд.

Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина

Ҳанӯз маълум нест, ки шахси фавтида кадом ваксинаро гирифтааст - Moderna ё Pfizer.

71
Барчаспҳо:
мард, марг, эмгузаронӣ, вируси корона, ИМА

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

537
(Таҷдидшуда 14:28 24.01.2021)
Дар рақобати асосӣ дар доираи мусобиқаи UFC 257 Дастин Поре ғайриинтизор рақиби арландиаш Конор Макгрегорро аз пой афтонд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Қаҳрамони собиқи UFC Конор Макгрегор сарфи назар аз бохт аз Дастин Поре  бештар маблағ мегирад.

Бино ба ҳисоботи нашриёти бритонии The Independent Конор Макгрегор барои ин рақобати худ 5 миллион доллар мегирад. Бо назардошти пахшҳо (pay-per-view) гонарари ӯ метавонад то 30 миллион расад.

Дар баробари ин ба пирӯзӣ нигоҳ накарда Дастин Поре дар ин рақобати худ ҳамагӣ 1 миллион доллар кор кард. Ин бузургтарин гонорар дар фаъолияти варзишии Поре мебошад.

Қайд мешавад, ки ин ҳисоботи тахминии нашриёт аст, чун расман пуле, ки варзишкорон дар ин сабқатҳо ба даст меоранд, ошкор карда намешавад.

Мубориза байни ду ситораи UFC имрӯз, 24 январ дар "Fight Island" дар Абу-Даби баргузор шуд. Ҷанговари амрикоӣ дар даври дуввум рақиби ирландиашро аз пой афтонда, пирӯзиро аз худ кард.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Макгрегор бори аввал дар карйераи худ ба нокаут фиристода шуд. Ин мубориза реванш буд. Аз рӯи натиҷаҳои набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, Поре бо нокаути техникӣ мағлуб шуда буд.

537
Барчаспҳо:
Макгрегор, маблағ, рақобат, АМА
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст аз Поре: ба майдон хонд

0
(Таҷдидшуда 15:43 24.01.2021)
Конор Макгрегор, размикори ирландӣ баъди шикаст аз Дастин Поре изҳор дошт, ки омода аст, бо қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Макгрегор ба шарҳи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Конор аз Поре изҳор дошт, ки агар Ҳабиб чизе навиштан хоҳад бигзор ба майдон баргардад.

Агар вай омода аст, ба майдон баргардад, ман омодаам бо ӯ қувваозмоӣ кунам, изҳор дошт Конор Макгрегор.

“Ман чизеро тағйир надодаам, ин тим аз аввал бо ман буд. Бояд ба рақиб бо эҳтиром муносибат кард”, - изҳор дошт Конор дар посух ба навиштаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Макгрегор аз Дастин Поре.

Ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро дар сафҳаи Твиттери худ  шарҳ дод.

"Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед", - изҳор дошт қаҳрамони UFC дар вазни сабук.

Сабқати қаблии Ҳабиб ва Конор дар моҳи октябри соли 2018 бо шикасти Нурмуҳаммадов анҷом ёфт.

0
Барчаспҳо:
шикаст, сабқат, Ҷаҳон