Толибон, акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи ҳуҷуми Толибон дастикам 43 тан корманди пулиси Афғонистон кушта шуд

203
(Таҷдидшуда 19:25 11.05.2018)
Ҳукумати кишвар ба ҷойи ҳодиса ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳро равона кард ва дар ҳоли ҳозир контроли сохтмонҳои Толибон тасарруфкарда дубора ба дасти ҳукумат гузашт

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik.Дар натиҷаи ҳуҷуми шабонаи Толибон дастикам 43 тан корманди пулиси Афғонистон кушта шуд, гузориш медихад хабаргузории ТоҷикТА.

Гуфта мешавад, ки шаби  гузашта пайкорҷӯёни Толибон якбора ба чанд идораи пулис ва посгоҳҳои шаҳри Фарохи воқеъ дар ғарби Афғонистон ҳуҷум карданд.

Бино ба иттилоъи ҳукумати маҳаллӣ, пайкорҷӯён чанде аз биноҳоро тасарруф ва таслиҳот ғорат карданд. Дар натиҷаи даргириҳо дастикам 43 тан корманди пулис кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳукумати кишвар ба ҷойи ҳодиса ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳро равона кард ва дар ҳоли ҳозир контроли сохтмонҳои Толибон тасарруфкарда дубора ба дасти ҳукумат гузашт.

203
Барчаспҳо:
боздошт, Толибон, Тоҷикистон