Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон-раҳбари гурӯҳи теруристӣ дар Олтой

113
(Таҷдидшуда 11:47 17.05.2018)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар Олтой адабиёти манмӯъшударо ба дигарон паҳн мекардааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Додгоҳи Барнаул нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Самандар Гадоев барои ҷалби мардум ба гурӯҳи ҷиноии "Таблиғи Ҷамоат", ҳукм содир кардааст, хабар медиҳад ФСБ Русия.

Қайд мешавад, ки марди тоҷик дар ошхонаи осиёимиёнагие дар мавзуҳои динӣ маҷлисҳо мегузаронидааст.

Гадоев ин кирдори худро пинҳон мекардааст ва аз ҳаммаслаконаш ҳам талаб мекардааст, ки ба касе аз маҷлисҳояшон хабар надиҳанд.

Дар паи амалиёти ҷустуҷӯӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия аз манзили Гадоев адабиётҳои диниеро пайдо кардаанд, ки ба рӯйхати маводҳои мамнӯъшуда дохил будаанд.

Бо қарори додгоҳ, шаҳрванди Тоҷикистон ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст.

Ёдовар мешавем, ки БМТ рӯйхати ташкилотҳое, ки аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, нашр карда буд.

Дар ин рӯйхат 15 ташкилот, аз ҷумла "Ивану-л-муслимин", "Ҷамаати-л-исломӣ", "Ҳаракати Толибон", "Ҳизби исломии Туркистон", "Лашкари Тайба", "Таблиғи ҷамоат", "Давлати исломӣ", "Ҷабҳату-н-нусра", "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон", "Ҳаракати исломии Узбакистон", "Ал-Қоида", "Ҷамъияти таблиғ", "Ташкилоти миссионерии динӣ", "Тоҷикистони озод", "Ҷамоати ансоруллоҳ", "Гурӯҳи 24" ва ғайра, нишон дода шудаанд.

113
Барчаспҳо:
боздошт, гурӯҳи "Таблиғӣ ҷамоат", Олтой, Русия
Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Набарди ҷавобии Макгрегор ва Поре: мусобиқоти UFC 257 дар АМА. Пахши мустақим

2
Кадоме аз размикорони кунунӣ дар вазни суб - Конор Макгрегор ё Дастин Пуэре пирӯз хоҳад шуд, ба зудӣ маълум мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.

Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.

Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.

Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

 

2
Барчаспҳо:
рақиб, рақобат, АМА, муҳориба, Макгрегор
Американский телеведущий Ларри Кинг

Даргузашти рӯзноманигори маъруф Ларри Кинг аз коронавирус

48
(Таҷдидшуда 20:35 23.01.2021)
Рӯзноманигори маъруфи ҷаҳонӣ Ларри Кинг дар синни 87-солагӣ вафот кард. Ӯро чанде пеш дар пайи сироят аз коронавирус ба бемористон интиқол дода буданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Муҷрии машҳури телевизиони амрикоӣ Ларри Кинг аз коронавирус даргузашт. Дар ин бора дар саҳифаи вай дар Твиттер хабар дода мешавад.

Рӯзноманигор 87 сол дошт.

Ҳудуди 3 ҳафта пеш Кинг дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус ба бемористони Лос-Анҷелес интиқол ёфта буд. Маълум аст, ки ба ғайр аз коронавирус, рӯзноманигор муддати зиёде бо бемории саратон ва паёмадҳои сактаи мағзӣ мубориза мебурд.

Владимир Соловёв, роҳбари Иттиҳоди журналистони Русия ба наздикон ва ихлосмандони Ларри Кинг изҳори ҳамдардӣ кардааст. Вай таъкид намудааст, ки ба воситаи студияи Ларри Кинг нафарони зиёди боистеъдод ва машҳур гузаштанд.

"Кинг аз машҳуртарин ва барҷастатарин рӯзноманигорони амрикоӣ дар ҷаҳон буд. Муҷриёни зиёде, аз ҷумла ман аз вай нозукиҳои касбро омӯхтаем", - қайд кардааст Соловёв.

Ёдрас мешавем, Ларри Кинг муаллифи барномаи ба тамоми ҷаҳон машҳури Larry King Live буд, ки аз соли 1985 то соли 2010 дар телевизиони CNN мебурд.

Ба рӯзноманигор дар "Хиёбони шӯҳрат" дар Ҳолливуд ситора гузоштаанд. Ҳамчунин вай дорандаи ҷоизаҳои машҳури "Эмми" ва "Пибоди" буд.

48