ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп аз дохили Қасри сафед ба пешвози Шавкат Мирзиёев баромад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Раҳбарони Амрико ва Узбакистон муддати чанд сония дасти ҳамдигарро фишурданд.
Сиёсатмадорон қайд карданд, ки дидор дар Қасри сафед марҳилаи нави ҳамкориро миёни ду кишвар боз мекунад.
"Амрико аз рӯзҳои аввали истиқлоламон доимо мустақилияти моро дастгирӣ мекард. Пас аз интихоботи раисҷумҳури ИМА муносиботи мо ба сатҳи нав баромад. Дар ин росто натиҷаҳои бузурге ба даст омадаанд", — гуфт Шавкат Мирзиёев ба забони русӣ.
Трамп ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии Узбакистонро баланд арзёбӣ карду ваъда дод, ки барои роҳандозии онҳо кӯмак мекунад.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар ИМА як мард пас аз чанд соати гирифтани ваксина алайҳи коронавирус вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Як милисаи минтақаи Плейсер дар саҳифааш дар Facebook хабар дод, ки мард моҳи пеш гирифтори коронавирус шуда буд.
"Хадамоти тандурустии Плейсер округ ва шӯъбаи коронавируси дафтари округи Шериф дар бораи марг огоҳнома дарёфт карданд. Дар авохири моҳи декабр дар бадани ин мард бемории COVID-19 дарёфт шуд... Рӯзи 21 январ ин мард алайҳи коронавирус эм карда шуд ва пас аз чанд соат даргузашт", - омадааст дар хабарнома.
Қайд карда мешавад, ки фавтида, на дар идораи тандурустии шаҳр, балки дар дигар ҷой эм карда шудааст. Тафтишот дар чанд сатҳ - маҳаллӣ ва федеролӣ гузаронида мешаванд.
Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина
Ҳанӯз маълум нест, ки шахси фавтида кадом ваксинаро гирифтааст - Moderna ё Pfizer.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Қаҳрамони собиқи UFC Конор Макгрегор сарфи назар аз бохт аз Дастин Поре бештар маблағ мегирад.
نهاية تغطية عرض #UFC257 شكراً لكم جميعاً على الدعم المستمر و أتمنى التغطية نالت رضاكم و أستحسانكم 🌹 ..
— UFC Arab (@UFC_Arabs) January 24, 2021
📸Getty pic.twitter.com/2iAfWq5l0q
Бино ба ҳисоботи нашриёти бритонии The Independent Конор Макгрегор барои ин рақобати худ 5 миллион доллар мегирад. Бо назардошти пахшҳо (pay-per-view) гонарари ӯ метавонад то 30 миллион расад.
Дар баробари ин ба пирӯзӣ нигоҳ накарда Дастин Поре дар ин рақобати худ ҳамагӣ 1 миллион доллар кор кард. Ин бузургтарин гонорар дар фаъолияти варзишии Поре мебошад.
With two fights in the books, @TheNotoriousMMA and @DustinPoirier embraced in the Octagon 🤝 #UFC257 pic.twitter.com/qESXn3NTEN
— ESPN MMA (@espnmma) January 24, 2021
Қайд мешавад, ки ин ҳисоботи тахминии нашриёт аст, чун расман пуле, ки варзишкорон дар ин сабқатҳо ба даст меоранд, ошкор карда намешавад.
Мубориза байни ду ситораи UFC имрӯз, 24 январ дар "Fight Island" дар Абу-Даби баргузор шуд. Ҷанговари амрикоӣ дар даври дуввум рақиби ирландиашро аз пой афтонда, пирӯзиро аз худ кард.
Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?
Макгрегор бори аввал дар карйераи худ ба нокаут фиристода шуд. Ин мубориза реванш буд. Аз рӯи натиҷаҳои набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, Поре бо нокаути техникӣ мағлуб шуда буд.
ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулманит Ҷӯраев муроҷиат карда, аз дуздии мошинаш хабар додааст.
Муроҷиаткунанда, сокини деҳаи Алачабофи ноҳияи Рӯдакӣ арз доштааст, ки шаби 16 декабр шахсони номаълум вориди манзили истиқоматияш шуда, мошини “Мерседес бенз”-ашро дуздидаанд.
Маъмурини милиса дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Алиев Ҳасан, сокини ноҳияи Исмоили Сомониро боздошт кардаанд. ВУД мегӯяд, ин ҷавони соли таваллудаш 2002 қаблан низ суд шудааст.
Муттаҳам дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки бо ҳадафи дуздии дучарха вориди манзили истиқоматӣ шуд, ки калидҳоро даруни мошин дид ва онро ҳай карда бурдааст.
Ба гузориши ВУД, феълан алайҳи Алиев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки мошин ба соҳибаш баргардонда шуд.
Назари бевоситаи муттаҳам ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.