Вазири дифои Русия Сергей Шойгу, акс аз бойгонӣ

Шойгу аз Тоҷикистон хоҳиш кард, ки дар беҳбудии вазъи Сурия кӯмак кунад

165
(Таҷдидшуда 15:39 06.06.2018)
Имрӯзҳо дар масоили Сурия метавонем ҳамкориҳоямонро густурдатар созем, таъкид кардааст вазири дифои Русия Сергей Шойгу

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу пешниҳод намудааст, ки кишварҳои ҳамсуд дар эҳё кардани зиндагии осуда дар Сурия саҳм гузоранд.

Дар ин бора вазир дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ  изҳор доштааст.

"Ба ҳама маълум аст, ки амниятро метавон танҳо бо қувваи муштарак таъмин кард. Бо ҳамин сабаб, ман ба Шумо, ҳамтоёни мӯҳтарам, пешниҳод мекунам, ки дар барқарор кардани ҳаёти осоишта дар Сурия саҳм гузоред",- афзудааст вай.

Шойгу таъкид кардааст, ки дар масоили Сурия заминаҳои васеи ҳамкорӣ фароҳам омадааст. Кишварҳои ҳамсуд метавонанд дар самтҳои поксозии минтақаҳо аз минаҳо, посбонии муштарак дар минтақаҳои махсус, равон намудани кумаки гуманитарӣ ва бунёди иншоотҳо ширкат кунанд..

"Умедворем ки кишварҳои ҳамсуд Русияро дастгирӣ намуда, дастаҷамъии моро дар мубориза алайҳи терроризм ва таъмини амниятӣ умумӣ нишон медиҳанд" — гуфтааст Шойгу.

Сергей Шойгу таъкид кардааст, ки ҳоло дар Суриямушкилоти  сиёсӣ, гуманитарӣ ва сохтмонро бояд ҳал кард.

Вай афзуд, ки имрӯзҳо минтақаи бузурги Сурия аз ҷангҷӯён пок карда шудаанд. Бо ҷангҷӯёни боқимонда дар масъалаи силоҳпартоӣ гуфтушунид идома дорад. Ҳоло дар Сурия тамоми шароит барои ҳалли сиёсӣ ва бунёди Сурия ҳамчун давлати воҳид ва ҷудонашаванда фароҳам оварда шудааст.   

165
Барчаспҳо:
кӯмак, сулҳ, Сурия, Тоҷикистон, Русия
Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе

Маълум шуд, ки Ҳабиб барои як баромади оммавияш чанд пул мегирад

196
(Таҷдидшуда 12:23 03.07.2020)
Алӣ Абдул-Азиз, мененҷери Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, қаҳрамони UFC барои як баромади оммавӣ чанд пул мегирад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Алӣ Абдул-Азиз, ҳазинаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои суханронӣ дар назди мардум ҳадди аққал 300 ҳазор доллар дар як рӯз аст.

Ин нуктаро менеҷери размикор дар шарҳи матлаби нашрияи Forbes, ки ҳазинаи Ҳабибро барои як баромади оммавӣ 78 ҳазор доллар гуфт.

"Ин каме маълумоти нодуруст аст. Музди ӯ барои суханронии оммавӣ дар як рӯз ҳадди аққал 300 ҳазор аст”,-гуфт Абдeл-Азиз.

Қаблан падари размикор низ дар бора дороиҳо ва даромади писараш аз муҳорибаҳо гуфта буд.

Ба гуфтаи ӯ калонтарин маблағро Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба даст овардааст

"Дороии ӯ наздики 100 миллион доллар аст. Дар ҷаҳон одамоне ҳастанд, ки дороияшон аз ин бештар аст", - гуфт падари Ҳабиб.

Бояд қайд кард, ки моҳи июли соли 2019 рӯзномаи Forbes Ҳабибро миёни доротарин ашхоси аз 40 сола поёни Русия, дар мақоми аввал ҷой дода буд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирин бо Дастин Поре ба Ҳабиб калонтарин музд - 6 миллион доллар овард. Ин бештарин ҳаққи музд дар фаъолияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад.

196
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Дар сарҳади Қазоқистон тақрибан 1000 нафар тоҷикону узбекҳо ҷамъ шудаанд: видео

103
(Таҷдидшуда 10:36 03.07.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон сарфи назар аз муроҷиати вазорату идораҳо ҷамъ шуданро дар сарҳади Қазоқистон идома медиҳанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik.  Дар сарҳади Қазоқистон тақрибан 900 шаҳрванди хориҷӣ дар мондаанд, гуфт муовини раиси вилояти Туркистон Секен Калкаманов дар як видео дар Facebook.

"Тақрибан 500 шаҳрванди Тоҷикистон ва 300-400 шаҳрванди Ӯзбекистон ҷамъ омадаанд. Аз лаҳзаи сар шудани карантин, мо ба 800 нафар шаҳрвандон Тоҷикистон барои рафтан ба кишварашон иҷозаи гузар додем", гуфт мансабдор.
Калкаманов қайд кард, ки ин як раванди хеле мушкил аст, зеро гузариши транзитии нақлиёт бо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд бо Ӯзбекистон ҳамоҳанг карда шавад.

Намояндаи мақомоти минтақавӣ илова намуд, ки ҳукумати шаҳри Сариағаш дар якҷоягӣ бо сарпарастон хӯроки гарм, ҷойи махсуси ист барои ҳифзи мардум аз офтоб ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташкил кардааст.

Инчунин ҳангоми будубоши муваққатӣ ҳолати санитарӣ риоя карда мешавад. Тақрибан 20 корманди шӯъбаи полиси минтақавӣ посбонҳо мекунанд ва табибон инчунин дар маркази будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.

Калкаманов илова намуд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳамеша бо намояндагиҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамос ҳастанд.

103
В центре Праги состоялся пир в честь прощания с коронавирусом

Прага аз поёни бӯҳрони коронавирус қайд кард: зиёфатхӯрии ҳазор нафар гирди мизи 500 метра

0
Прага расман аз пирӯзӣ бар маризии сироятии коронавирус эълон кард. Ба ин муносибат дар болои пули Карлов зиёфат барои ҳазор нафар ороста шуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Прага садҳо нафар ба хотири таҷлил намудани пирӯзӣ бар маризии коронавирус назди пули Карлова ҷамъ омаданд. Дар болои ин пул мизи 500 метра гузошта шуда, барои ҳазор нафар зиёфати идона дода шуд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Прага бо хӯроку нӯшобаҳо ба ин макон омада, бидуни риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб, сӯҳбат мекарданд ва зиёфат мехӯрданд.

Зиёфат дар чойхонаи "Роҳат": Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео

Ташкилкунандаи ин маърака, соҳиби яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ Ондрей Кобза мебошад.

"Мо мехоҳем, ки поёни бӯҳрони коронавирусро қайд кунем. Мардум имкон пайдо мекунанд, ки якдигарро бубинанд ва нишон диҳанд, ки онҳо аз мулоқот наметарсанд, аз гирифтани як порча сэндвич аз дасти ҳамсоя наметарсанд" , - изҳор намудаст Кобза.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Чех 349 фавт аз COVID-19 ва тақрибан 12 000 сироят ба қайд гирифта шудааст.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон