Раисҷумҳури Русия Владимир Путин

Путин гуфт, ки низоми гирифтани шаҳрвандии Русия осон шавад

496
(Таҷдидшуда 18:00 07.06.2018)
Русия бояд низоми гирифтани шаҳрвандиро осонтар кунад, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Русия бояд низоми гирифтани шаҳрвандиро озод созад.

"Ман боварии комил дорам, ки Русия бояд низоми гирифтани шаҳрвандиро пурра озод созад. Ин васила ҳам андозаи башардӯстона ва ҳам андозаи иқтисодӣ дорад",- таъкид кард вай дар рафти мулоқот бо шаҳрвандони кишвар тариқи  "Пахши мустақим".

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он шаш тоҷик шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.

Бино бар фармон, шаҳрвандон пас аз маросими савгандёдкунӣ расман шаҳрванди Русия мешаванд. Нафароне, ки ба балоғат нарасидаанд, баробарии савганд ёд кардани волидайн, онҳо низ шаҳрванди Русия мешаванд.

Моҳҳои декабри соли гузашта хабар дода шуд, ки дар Душанбе 50 тан савганд ёд карда, шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Маросими савгандёдкунӣ дар консулгарии Русия дар Тоҷикистон баргузор шуду 50 сокини Душанбе соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд.

Нафаре, ки савганд мехӯрад, нахуст бо овози баланд матни савгандро хонда пасон рӯи коғазе ному насаб ва рӯзу моҳу солро навишта соядаст мегузорад.

496
Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, Владимир Путин, Русия