Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон бо хабарнигори чинӣ мусоҳиба кард

94
(Таҷдидшуда 18:19 08.06.2018)
Зимни сӯҳбат раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо ва аҳамияти баргузории Ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Шабакаи телевизионии ССТV — и Чин мусоҳиба кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

"Хабарнигорони Шабакаи калонтарини телевизионии ССТV — и  Чин қабл аз баргузории Ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши СҲШ дар таъмини рушди  иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо,  аҳамияти баргузории Ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таҳия ва татбиқи амалии муштараки санадҳои қабулшуда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Чин гуфт.

"Ҳамчунин, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳо ва татбиқи минбаъдаи қарорҳои қабулшавандаи ҳамоиши навбатӣ  аз мавзуъҳои дигари суҳбати раисҷумҳур бо хабарнигорон буд",- афзудааст манбаъ.

 Бори аввал нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигори хориҷӣ мусоҳиба мекунад.

Чунончӣ, кишвардор дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028"  дар Ню-Йорк бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба карда буд.

Ин мусоҳибаи кишвардори Тоҷикистон дар сомонаҳои хабарии СММ ва шабакаҳои телевизионии созмон мунташир шуданд.

94
Барчаспҳо:
мусоҳиба, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон