Мансабдоре бо портфел, акс аз бойгонӣ

Намояндаи Тоҷикистон роҳбари Ташкилоти минтақавии зиддитерористии СҲШ таъин шуд

101
(Таҷдидшуда 17:38 13.06.2018)
Ҷумъахон Ғиёсов то ба мақоми роҳбари сохтори байналмилалӣ таъин шуданаш, мақоми нахустмуовини раиси Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикитонро бар ӯҳда дошт

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҷумъахон Ғиёсов  муовини якуми раиси Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон роҳбари Ташкилоти минтақавии зиддитерористии Созмони Ҳамкории Шанхай интихоб шуд. Дар ин бора вебгоҳи хадамот иттилоъ медиҳад.

"Дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай роҳбари нави Ташкилоти минтақавии зеддитерористиро таъин карданд — намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов ба ин мақом интихоб гардид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷумъахон Ғиёсов то ба вазифаи роҳбари сохтори байналмилалӣ таъин шуданаш, мақоми нахустмуовини раиси Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикитонро бар ӯҳда доштааст.

Намояндаи Тоҷикистон аз 1 январи соли 2019 ба иҷрои вазифаи худ дар ташкилоти СҲШ шурӯъ мекунад.

Ташкилоти минтақавии зиддитерористии СҲШ доимиамлкунанда буда, қароргоҳи созмон дар Тошканд аст. Вазифаи асосии ташкилот мубориза бо терроризм дар ҳудуди кишварҳои узви СҲШ аст.

Ёдрас мешавем, нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ 9-10 июн дар Чин баргузор шуд.

101
Барчаспҳо:
таъинот, Кумитаи дин, СҲШ, Тоҷикистон