Раҳмон бо Мирзиёев ва Путин дар маросими ифтитоҳи Ҷоми футболи ҷаҳон ширкат кард

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Шоми 14 июн кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  маросими ифтитоҳи  Ҷоми футболи ҷаҳон- 2018 дар шаҳри Москва ширкат карда, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии Мусобиқоти футбол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла аз Узбакистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигарон иштирок карданд.

Дар рӯзи нахустини кушодашавии мусобиқот аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия гузаронида мешавад.

Дар сабқати аввал Руссия Арабастони Саудиро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.

Лентаи хабарҳо
0