Марде дар даст ҳуҷҷат, акс аз бойгонӣ

Абӯбакр Сайидҳусейнович мушовири раисҷумҳур таъин шуд

332
(Таҷдидшуда 11:46 23.06.2018)
Ӯ то мушовири раисҷумҳур таъин шудан, раиси Ҳукумати Чеченистонро бар ӯҳда дошт

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раиси пешини Ҳукумати Чеченистон Абӯбакр Эделгериев 22 июн мушовири раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин таъин шудааст.

Ин таъиноти кадрӣ дар Ҳукумати Русияро роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров тавзеҳ додааст.

Ба гуфтаи вай, раиси пешини Ҳукумати Чеченистон дар мансабҳои олӣ таҷрибаи бузург дорад ва сирф масъули ҷиддӣ мебошад.

"Ӯ, сирф масъули ҷиддӣ, тавоно ва боистеъдод аст. Абӯбакр Сайидҳусейнович дар мақомҳои баландпояи Чеченистон таҷрибаи бузург дорад. Шаш соли охир Ҳукумати кишварро роҳбарӣ мекард", — навиштоааст Қодиров дар саҳифаи иҷтимоиаш.

Вай афзудааст, ки " Эделгериев тавонист кори Шӯрои вазиронро дақиқ пеш барад, тамоми вазоратҳо ва идораҳоро дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисод, соҳаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя сафарбар кунад".

Ба гуфтаи роҳбари Чеченистон, Эделгериев "мансаби олиро созовор хоҳад буд".

332
Барчаспҳо:
таъиноти кадрӣ, Рамазон Қодиров, Владимир Путин, Дар ҷаҳон