Дар Узбакистон чанд масҷиди нав ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-байрам
Празднование Ураза-байрам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси идораи мусулмонони Узбакистон гуфт, дар шаш моҳи охир дар ин кишвар чандин масҷиди нав ба фаъолият оғоз кардааст.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раиси идораи мусулмонони Узбакистон Усмонхон Ҳалимов гуфт, дар шаш моҳи охир дар ин кишвар чандин масҷиди нав ба фаъолият оғоз кардааст, хабар медиҳад "Паср тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, Усмонхон Ҳалимов рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиши байналмилалии "арзишҳои динии муштараки халқҳои бародар" дар Чимкенти Қазоқистон гуфт, теъдоди кулли масҷидҳои тозатаъсис ба 13 адад мерасад.

"Дар муддати ёдшуда танҳо дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҳафт масҷиди ҷомеи нав дарҳои худро ба рӯйи мусулмонон боз кардааст", — таъкид кардааст вай.

Саидмукаррама Абдулқодирзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода: шумораи масҷид дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба 4 ҳазор расид

Ҳамоиши байналмилалии "Арзишҳои динии муштараки халқҳои бародар" рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, Серикбой Сотиболдиуғлу муфтии аъзами Қазоқистон бо ишора ба як каломи ҳикматомезе аз Умари Хайём, шоир ва файласуфи бузурги форсигӯ аз аҳамияти бародарӣ миёни миллатҳои мусулмон дар минтақаи Осиёи Миёна сухан гуфт ва онро заминасози рушди беш аз пеши тамаддуни исломӣ донист.

Дар ҳамоиши Чимкент беш аз 600 нафар аз рӯҳониёну масъулон ва коршиносони умури дини мубини Ислом ширкат доштанд.

Ёдрас мешавем, дар Душанбе сохтмони масҷиди базаргтарин — Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе идома дорад.

Масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0