Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиип Эрдуғон

Пирӯзии қатъии Эрдуғон дар интихобот

102
(Таҷдидшуда 10:38 25.06.2018)
Интихобот дар Туркия дар вазъияти изтирорӣ баргузор гардид. Туркия пас аз кӯшиши табаддулоти мухолифин дар соли 2016 дар ин интихобот чораҳои амниятиро пурзӯр кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Тайип Эрдуғон аллакай дар давраи аввали интихобот пирӯзии мутлақро ба даст овард: 52,2 дар сади интихобкунандагон ба ҷонибдории ӯ овоз доданд.

Дар интихоботи парлумонӣ ҳизби ҳоким — Ҳизби адолат ва рушд, ки 42,4 дарсади овози интихобкунандагонро ба даст овардааст, пирӯз мешавад. Ҳизби ҳаракати миллии Туркия бошад 11,1 дар сад овоз гирифтааст.

Эрдуғон авалин раисҷумҳурест, ки пас аз ба низоми президентӣ гузаштани туркҳо  пирӯзии дукарата ба даст меорад.

Дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ ва парлумонӣ дар бюлутенҳо насаби Эрдуғон (аз ҳизби ҳоким), Муҳаррам Инҷе (аз ҳизби мухолифи Халқиву ҷумҳурихоҳони Туркия) Салеҳаддин Демирташ (аз Ҳизби хубон), Темил Каромалӯғлӯ (аз ҳизби хушбахтӣ) ва Доғу Перинчек (аз Ҳиби Ватан) сабт шуда буданд.

Ҳарифи асосии Эрдуғон  аз ҳизби мухолифин Муҳаррам Инҷе 30,7 дарсад овоз гирифтаст.

 Интихобот дар Туркия дар вазъияти изтирорӣ баргузор гардид. Туркия пас аз кӯшиши табаддулоти мухолифин дар соли 2016 дар ин интихобот чораҳои амниятиро пурзӯр кард. Тартиботро бештар аз 500 ҳазор корманди мақомот ҳифз мекарданд. Қайд карда мешавад, ки нисбат ба 4 интихоботи солҳои гузашта интихоботи имсола ором баргузор шуд.

102
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, интихобот, Раҷаб Тайип Эрдуғон, Туркия
Жители Узбекистана в защитных масках

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазор наздик шуд

83
(Таҷдидшуда 17:09 05.06.2020)
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

83
Солдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото

Коронавирус низомиёни Олмонро аз хоки Афғонистон берун кашид

166
(Таҷдидшуда 03:37 05.06.2020)
Шуморе аз низомиёни олмонии мустақар дар Афғонистон ба далели гирифторӣ ба коронавирус, хоки ин кишварро тарк карданд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik.  Чаҳор низомии олмоние, ки дар фурудгоҳи Кобул карантин буданд шаҳри Мазори Шариф- маркази вилояти Балх  дар шимоли Афғонистонро ба мақсади Колон (Cologne) тарк карданд, радиои Садои Хуросон.

Дар ҳоле теъдоде аз низомиёни олмонӣ ба далели гирифторӣ ба корона аз хоки Афғонистон хориҷ шуданд, ки пеш аз ин неруи ҳавоии ин кишвар аз гирифтории бархе аз низомиёнаш ба корона хабар дода буд.

Пештар гуфта шуда буд, ки садҳо нафар аз низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико мустақар дар Афғонистон ба корона мубтало шуданд, ки ҳамин масъала боиси нигаронии мардум, мақомот ва низомиёни ин кишвар шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон то ҳол дар ҳамон сатҳест, ки аввали сол буд.

Ханс Клюге, мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бурузи дубораи коронавируси навъи нав ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вай, мавҷи дувум агар пешгирӣ нашавад, мудҳиштар хоҳад буд.

Коронавируси навъи нав бори нахуст моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ошкор шуд. Уфунат зуд аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. 

То имрӯз дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 ба бештар аз 6 миллиону 263 ҳазор расид.

Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 846 ҳазору 813 кас шифо ёфтаанд ва 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд.

166
Барчаспҳо:
мустақар, тарк, Олмон, вирус, Афғонистон
Картофель

Картошка арзон мешавад? дар Суғд ба ҷамъоварии ҳосили нав сар карданд

0
Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, кишоварзон баҳри саҳм гузоштан  дар фаровонии бозори дохилӣ ва арзон гаштани нархи аслии маҳсулот дар моҳҳои январ ва феврал дар 1300 га замини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан мусоиди вилоят, чун Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, Исфара ва Ашт картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот  ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.

 

 

 

0