Иранская болельщица на мачте Иран - Испания

Акси духтари эронии зебову беҳиҷоб корбарони шабакаҳои иҷтимоиро қоил кард

778
(Таҷдидшуда 16:12 28.06.2018)
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси як духтари зебои эрониро баррасӣ мекунанд, ки дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон тими Эронро дастгирӣ мекард

Дар интернет акси зани эроние, ки дар рафти ҷоми футболи ҷаҳон тими Эронро мухлисӣ мекунад, машҳур мешавад.

Корбарон пай бурдаанд, ки либоси ин зан ба акси ID-корте, ки дар гарданаш овезон аст, комилан фарқ дорад.  

​Ӯ дар акс либоси анъанавии исломӣ ба бар кардааст, ки мӯйсар, китф ва дастонашро пинҳон мекунад. Аммо ба варзишгоҳ ӯ бе ҳиҷоб, бо домани кӯтоҳ ва шиками кушода омадааст.

Акс дар шаҳри Қазон дар рафти  бозии Эрону Испания гирифта шудааст.

​Акси зани зебои эронӣ байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, дар байни корбарони вебгоҳи Reddit баҳси гармеро ба миён овардааст.

Пештар мақомоти Эрон эълом кард, ки маҳдудияти занонро дар тамоишои бозии футбол дар варзишгоҳҳо бардоштааст.

778
Барчаспҳо:
ҷоми ҷаҳон, духтар, футбол, Ҷоми ҷаҳон-2018, Эрон, Русия
Криштиану Роналду

Криштиану Роналду аз коронавирус шифо ёфт

48
(Таҷдидшуда 19:55 31.10.2020)
Криштиану Роналду ба далели бемор будан аз чор бозӣ маҳрум шуд. Ӯ 19 рӯз таҳти табобати табибон қарор дошт

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Натиҷаи ташхиси Криштиану Роналду аз коронавирус манфӣ баромад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии клуби "Ювентус".

Криштиану Роналду гирифтори коронавирус шуд

Посмотреть эту публикацию в Instagram

kaizen philosophy👍

Публикация от Cristiano Ronaldo (@cristiano)

Варзишкор 19 рӯз ба далели бемории коронавирус хонашин шуда буд. Дар бораи гирифтории варзишкори 35-сола, Криштиану Роналду рӯзи 13 октябр маълум шуд. Пас аз даҳ рӯз футболбоз аз ташхис гузашт, кинатиҷаи он мусбат баромад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Forza Ragazzi! Tutti insieme! 💪🏽👏🏽 Fino Alla Fine!👊🏽

Публикация от Cristiano Ronaldo (@cristiano)

Ҳамлагари Португалия ба далели COVID-19 бозии тими миллии худ бо Шветсия дар Лигаи Миллатҳо, ду бозии Ювентус дар Лигаи Чемпионҳо бо Динамо Киев ва Барселона, инчунин мубориза бо Верона дар чемпионати Италияро аз даст дод.
48
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, футболбозӣ, Криштиану Роналду
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Актер Шон Коннери, архивное фото

Даргузашти ҳунарманди машҳур Шон Коннери

113
(Таҷдидшуда 19:53 31.10.2020)
Ҳунарманди шотландӣ бо нақши Ҷеймс Бонд машҳур буд. Сабаби фавти ҳунарманд Шон Коннери гуфта нашудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳунарманди шотландӣ Шон Коннери дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад BBC.

Хабар дар бораи даргузашти ҳунармандро аъзои хонаводааш тасдиқ кардааст. Моҳи август ҳунарманд 90-сола шуд. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нашудааст.

Фаъолияти касбии ҳунарманд Шон Коннери даҳсолаҳо давом кард. Ӯ дорандаи мукофотҳои зиёд аз қабили Оскар, ду ҷоизаи Bafta ва се ҷоизаи Глобуси тиллоӣ мебошад.

Моҳи июли соли 2000-ум Шон Коннери аз дасти маликаи Бритониё Елизаветаи II унвони ритсарӣ гирифт.

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

Ҳунарманди шотландӣ пеш аз ҳама бо нақши Ҷеймс Бонд машҳур аст. Ӯ нахустин шуда ин нақшро дар ҳафт триллер бозӣ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон даргузашти Исмоили Саодатро таслият гуфт

Филмҳои дигари намоёни Шон аз ҷумла "Шикори Октябри Сурх", "Индиана Ҷонс ва Салиби охирин", "Кӯҳистонӣ", "Лигаи ҷанобони мӯҳтарам", "Дили аждаҳо" ва "Шах" мебошанд.

113
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Бритония
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон