Узбекские женщины беседуют на улице, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад

35
(Таҷдидшуда 10:54 09.07.2018)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво баланд шуда, дар бештари ноҳияҳо то ба 43 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрӣ шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18-23 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

35
Барчаспҳо:
ВМКБ, гармӣ, обу ҳаво, Душанбе, Тоҷикистон