Камсаводии шаҳрванду беобрӯии мақомот: 7 далели ифротгароии ҷавонон

© AP / Militant Website, FileБоевики ИГИЛ, архивное фото
Боевики ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд сабабе боиси гароиши ҷавонон ба тундгароиву ақидаҳои ифротӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Алина Молдокоева, мудири кафедраи шарқшиносии Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, ҳафт далели ифротгаро шудани ҷавононро дар Осиёи Марказӣ номбар кардааст. 

Ба гуфтаи Молдокова, номуътадилии иҷтимоӣ яке аз далелҳои аслии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ дар минтақа мебошад.

"Бемаърифатӣ, зарурати мубориза дар дар бозори кор, нобаробарии иҷтимоӣ ва паст шудани обрӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паҳншавии экстремизм мусоидат мекунад",—изҳор доштааст Молдокова зимни ҳамоише, ки аз ҷониби Бунёди "АвруОсиё-Мавҷи ҷадид" ташкил шуд.

Ӯ аз афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа зикр карда, майли ҷавононро ба тиҷоратҳои омехта ба ҷиноят низ мояи нигаронӣ хондааст. 

Коршинос ташкилотҳои динии хориҷиро низ хатарнок унвон карда, илова намудааст, ки ин созмонҳо миёни ҷавонон ташвиқот мебаранд.

"Сухан дар бораи ҷавонони мусалмоне меравад, ки барои таҳсилот ба кишварҳои исломӣ мераванд. Дар хориҷ ташкилоти экстремистӣ ва терористӣ миёни онҳо ташвиқот мебаранд", — тавзеҳ медиҳад вай.

Миллатгароӣ, дастрасӣ ба силоҳи ғайриқонунӣ, истифодаи интернет бо ҳадафҳои ҷиноӣ ҷавононро боз ҳам осебпазир мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода дар як нишаст дар шаҳри Гулистон пешниҳод кардааст, ки дини Ислом дар мактабҳои Тоҷикистон таълим дода шавад.

Ба гуфтаи Калонзода, ҷорӣ шудани омӯзиши Ислом дар мактабҳо ҷавононро аз хатари ифротӣ шудан эмин нигаҳ медорад, "ҷавонон худ дарк мекунанд, ки ислом аслӣ чист".

Лентаи хабарҳо
0