постгоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Нигаронии Қирғизистон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

106
(Таҷдидшуда 16:55 25.07.2018)
Қирғизистон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар Бишкек эълон намудааст, ки кишвараш аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна нигорон мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Ба иттилои хадамоти марзбонӣ, дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар аъзои ДОИШ ва Толибон ҷамъ омадаанд, ки барои кишварҳои минтақа аз ҷумла Қирғизистон, хатари ҷиддӣ дорад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ба хотири ҳамин таҳдидҳо Қирғизистон чораҳои амниятиро дар марз бо Тоҷикистон шидидтар карда, теъдоди посгоҳҳои марзии худро зиёд намудааст.

Инчунин Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълон кард, ки айни замон 12 нафар ҷангҷӯёне, ки аз сурияву Ироқ баргаштанд, боздошт шудаанд.

106
Барчаспҳо:
гурӯҳ, террорист, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Дедушка в маске в городе Душанбе

Омори ҷаҳонии КОВИД-19: шумораи шифоёфтагон ба 3 миллион расид

114
(Таҷдидшуда 16:09 01.06.2020)
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam" ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ба ҳолати 1 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 108 ҳазору 767 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 263 ҳазору 911 нафар расид.

Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 846 ҳазору 813 кас шифо ёфтаанд ва 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд, гузориш додааст Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 837 170 нафар), Бразилия (514 992), Россия (405 843), Испания (286 509), Британияи Кабир (274 762), Италия (232 997), Ҳиндустон (190 609), Фаронса (188 882), Олмон (183 494) ва Перу (164 476) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (599 867 нафар), Бразилия (206 555), Испания (196 958), Русия (171 883),Олмон (165 200), Италия (157 507), Туркия (127 973), Эрон (118 848), Ҳиндустон (91 852) ва Чин (78 307) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (106 195 нафар), Британияи Кабир (38 489), Италия (33 415), Бразилия (29 341), Фаронса (28 802), Испания (27 127), Мексика (9 930), Белгия (9 467), Олмон (8 605) ва Эрон (7 797) шомил мебошанд.

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон аз 3,5 ҳазор гузашт

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

114
Американские военнослужащие в Сирии, архивное фото

Амрико дар бораи хуруҷи низомиён аз Афғонистон фикрашро иваз кард

253
(Таҷдидшуда 14:49 01.06.2020)
Намояндаи доими Амрико дар Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бар идомаи ҳузури низомиёни кишвар дар Афғонистон таъкид кард

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ки Били Ҳочесон, намояндаи доими Амрико дар НАТО талоши Доналд  Трамп дар хусуси хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябрро рад кард ва гуфт, чунин тарҳе дар авлавият қарор надорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстуде”.

Давлати Амрико дар ҷараёни тавофуқи сулҳ бо Толибон дар 29 феврали гузашта дар Доҳа- пойтахти Қатар мутааҳҳид шуд, ки неруҳои низомии худро ба таври комил аз Афғонистон хориҷ кунад.

Бо вуҷуди гузашти чанд моҳ аз имзои ин тавофуқ ҳануз давлати Амрико ҷадвали замонбандӣ барои хориҷ кардани низомиёни худ аз Афғонистонро мунташир накардааст.

Манбаъ зикр намиудааст, ки дар шароите намояндаи Амрико дар  НАТО ба сиёсати кишвараш дар идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон эътироф кардааст, ки барқарории сулҳ дар ин кишвар ба иҷрои тааҳҳуди Кохи Сафед барои хуруҷи комили низомӣ аз Афғонистон гиреҳ хурдааст.

Чунончи Амрико нахоҳад тибқи тавофуқи Доҳа ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон поён диҳад, бори дигар бар шиддати хушунатҳо дар ин кишвар аз сӯи Толибон афзуда хоҳад шуд, зеро шарти аслии ин гурӯҳ барои барқарории оташбаси доимӣ ва канор гузоштани силоҳ, хуруҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон аст.

253
Барчаспҳо:
хориҷ, НАТО, низомиён, Афғонистон, Амрико
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

287
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

287
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон