Жена президента Сирии Асма Асад

Ҳамсари Башор Асад ба бемории саратон гирифтор шуд

463
Пизишкон дар пистони ҳамсари раисҷумҳури Сурия бемории саратонро муайян карданд. Ҳамсари Асад дар яке аз табобатгоҳҳои Димишқ бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Пизишкони Сурия дар бадани ҳамсари раисҷумҳури Сурия Башор Асад бемории саратон муайян карданд.

Тавре расонаҳои арабӣ хабар медиҳанд, Асмо Асадро бо ин далел ба яке аз бемористонҳои Димишқ бистарӣ кардаанд.

"Ташхис муайян кардааст, ки дар ғадудҳои синаи Асмо нишонаҳои аввали бемории саратон пайдо шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар саҳифаи расмии дафтари матбуотии раисҷумҳури Сурия акси Башор Асад бо ҳамсараш, ки дар бемористон қарор доранд, мунташир шудааст.

 

 

Гуфта мешавад ҳамсари раисҷумҳур ба табобати беморӣ фавран шурӯъ кардааст.

463
Барчаспҳо:
табобат, беморӣ, саратон, Башор Асад, Дар ҷаҳон
Подпись документов

Таъсиси ордени "Саломатӣ" барои беҳтарин табибон дар Ӯзбекистон

76
(Таҷдидшуда 11:45 27.05.2020)
Ҷоизаи ифтихорӣ ба ӯзбекҳо, хориҷиён ва инчунин шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои барандагон маблағҳои пулӣ ва ҳамзамон  имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қарор дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (“Саломатӣ”) аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Гуфта мешавад, ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди системаи тандурустии кишвар, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа супурда мешавад. Онро метавон аз ҷумла хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ ба даст оваранд.

Нишон аз ду дараҷа иборат аст. Ордени дараҷаи I ба шахсоне, ки барои саҳми назаррас дар рушд ва такмили соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкамгардонии саломатии мардум, ордени дараҷаи II ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои мухталиф ва рафъи онҳо фаъоланд, мукофотонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳавасмандӣ ҳамзамон барандагонро маблағҳи пулӣ ва имтиёзҳо тақдим мешавад.

76
Карантин в Узбекистане

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

483
(Таҷдидшуда 13:02 27.05.2020)
Ӯзбекистон дар ояндаи наздик чораҳои карантиниро тақвият мебахшад ва санҷиши назоратиро барои коронавирус васеъ менамояд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки чораҳои карантинӣ дар минтақаҳои кишвар ва шумораи санҷишҳо барои COVID-19 бинобар зиёд шудани шумораи ҳодисаҳои дар рӯзҳои охир ошкоршуда таҳким дода шаванд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ додааст.
Зимни мулоқот Мирзиёев қайд кард, ки роҳбарони аксари минтақаҳо ва корхонаҳои кишвар, инчунин шаҳрвандон чораҳои карантинро нодуруст қабул намуда, гумон мекунанд, ки ин беморӣ гузаштааст.

Дар робита ба ин, ӯ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони вилоятҳо супориш дод, ки минтақаҳое, ки вазъи эпидемиологӣ бадтар шудааст, баррасӣ кунанд ва оид ба тақвияти чораҳои карантинӣ пешниҳодҳо ирсол кунанд.

Вай инчунин аз Вазорати тандурустии кишвар даъват кард, ки санҷиши назоратиро барои COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, бозорҳо, бонкҳо ва ҷойҳои серодам вусъат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Узбакистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буданд.

Қарантина дар ин кишвар аз 8 май ҷорӣ карда шуда буд. 

Қаблан муовини вазири тандурустии ин кишвар Баҳодур Юсуфалиев гуфт, ки дар Узбакистон ахиран ҳар рӯз то 60 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ гуфт, агар сатҳи беморӣ ба ҳамон суръат афзоиш ёбад, ҷумҳуриро зарур аст ба қарантинаи шадид баргардад.

Бар пояи додаҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3290 нафар расида аз он 2636 каси шифо ёфтааст. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 14 нафар мерасад.

483

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

0
(Таҷдидшуда 18:01 27.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба итттилои сомонаи расмии Кумита, болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд ва ин ҳама сабабгори резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд. 

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш намудааст, давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

Кумита ба сокинон ҳамчунин тавсия додааст, ки  ҳавои хонаро муътадил нигоҳ доранд,  аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунанд, либосҳои тунуку сабук пӯшанд, дар сар кулоҳ дошта бошанд, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар.

“Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед”,-гуфтааст кумита.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

 

0