Қироати ҳукми додгоҳ барои узви «бандаи GTA»

Чор узви "бандаи GTA”-ро ба ҳабси абад маҳкум карданд

156
Додситон Русия барои 5 узви "гурӯҳи ҷиноятии GTA” аз 25 соли зиндон то ҳабси абад дархост кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Додгоҳи вилоятии Маскав рӯзи 9 август 4 узви "гурӯҳи ҷиноятии GTA "-ро ба ҳабси абад ва як нафари дигарашонро барои 20 сол ба зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

"Ба Ҳазратхон Додохонов — ҳабси абад, Умар Ҳасанов- ҳабси абад, Анвар Улуғмуродов — ҳабси абад ва Шерозҷон Қодиров — ҳабси абад ва ба Зафарҷон Ғуломов — 20 соли зиндони низомаш сахт муайян карда шавад", — омадааст дар ҳукми додгоҳ.

Гуфта мешавад, додситон барои узви "бандаи GTA" аз 25 соли зиндон то ҳабси абад дархост кард. Аъзои ин гурӯҳ ба куштор, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳо айбдор мешаванд.

Аксари маҳкумшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Додгоҳи Русия дар содири ҳукм баъзе аз вижагиҳои маҳкумшудагонро ба назар гирифта аст. Аз ҷумла онҳо ҷавон ва соҳиби кӯдаки хурдсол будаанд.

Солҳои 2012-2014 дар вилояти наздики Маскав аз ҷумла дар шоҳроҳи М-4 "Дон" аз ҷониби "Бандаи ГТА" 15 ҳодисаи роҳзанӣ, ҳамчунин 17 куштор ва қасд ба ҷони ду нафар ба анҷом дода шудааст. ВАО-и Русия номи ин гурӯҳи ҷиноятпешаро "Бандаи ГТА" монданд, ки он аз бозии компютерӣ гирифта шудааст.

Бино ба додаҳои нерӯҳои интизомӣ, ин гурӯҳи табаҳкорро соли 2012 Ибайдулло Субҳонов ташкил карда буд. Он камобеш 15 шаҳрванди кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистонро дар бар мегирифт.

156
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тоҷикон, маҳкум, ҳабси абад, ҳабс, ҷиноят, ҷинояткорон, ГТА, Русия