роҳи оҳан, акс аз бойгонӣ

Волидон мухолифи тӯй шуданд: "Лайливу Маҷнуне" худро зери қатор партофтанд

917
(Таҷдидшуда 21:09 13.08.2018)
Дар Узбакистон шаби 10 августи соли равон, ду ҷавон худро зери қаторе, ки аз Термез ба Тошканд ҳаракат мекард, партофтанд. Дар натиҷа ҳарду ҳам ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар вилояти Сурхандарёи Узбакистон ду ҷавон, ки тибқи иттилои тафтишот, бо ҳам муносибати наздик доштанд, худро зери қатор андохта, даст ба ҷони худ заданд.

Чуноне, ки маълум гашт, ҳодиса шаби 10 август дар назди деҳаи "Қумқишлоқ" рух додааст. Волидони духтари 17-сола ба издивоҷи духтарашон бо ҷавони дӯстдошташ, ки 19 сол доштааст, иҷозат надодаанд.

Ошиқон баъд аз тасмими волидайн, ба хулосаи худкушӣ расиданд ва худро зери қаторе, ки аз Термез ба Тошканд ҳаракат мекард, партофтаанд.

Додситонии Сурахандарё нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот идома дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан дар Узбакистон як домод пеш аз арӯсӣбарои ҷиҳоз аз арӯсаш даст кашида буд.

"Ман фикр кардам, ки арӯсам сарупои қимати туркӣ меорад, аммо онҳо аз бозори Гиждувон сарулибоси арзоне оварданд. Оилаи арӯсам дорост ва ман интизориҳои зиёд доштам", — гуфт домоди гуреза.

917
Барчаспҳо:
роҳи оҳан, қатор, худкушӣ, ҷавонон, Узбакистон