Башар Асад. Акс аз бойгонӣ

Башор Асад пешниҳоди сармоягузории Арабистони Саудиро рад кардааст

208
(Таҷдидшуда 19:46 23.08.2018)
Намояндаи Ҳизбуллоҳ дар маҷлиси Лубнон таъкид кард, Башор Асад муқовим аст ва таҳти ҳеҷ шароите аз ҳимояти худ аз мавзеи муқовамати даст барнахоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Намояндаи маҷлиси Лубнон пешниҳодҳои валиаҳди Арабистон барои раисиҷумҳури Сурияро, ки мавриди қабули Башор Асад қарор нагирифт, эълом кард, хабар медиҳад "Парс тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, Навоф-ал-Мусавӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи ал-Маёдин гуфт, Арабистон ба Башор Асад пешниҳод дода буд, дар бозсозии Сурия сармоягузорӣ мекунад ва бо боқимондани Асад дар ҳукумат, то поёни умраш низ мухолифате нахоҳад кард ба шарти он ки Сурия робитаашро бо Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон қатъ кунад. Аммо раисиҷумҳури Сурия ин пешниҳодро напазируфт.

Ба гуфта ал Мусавӣ, ин мавзеи Башор Асад нишон медиҳад, ки Сурия ва Фаластин ҳамчунон меҳвари муқовамат боқӣ хоҳанд монд.

Навоф-ал-Мусавӣ таъкид кард, пешниҳоди молии Арабистон барои бозсозии Сурия дар изои қатъи робита бо Ҳизбуллоҳ ва Эронро намояндаи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ба раисиҷумҳури Сурия эълом кардааст.

Намояндаи Ҳизбуллоҳ дар маҷлиси Лубнон таъкид кард, Башор Асад муқовим аст ва таҳти ҳеҷ шароите аз ҳимояти худ аз мавзеи муқовамати даст барнахоҳад дошт.

208
Барчаспҳо:
кӯмак, Башор Асад, Дар ҷаҳон