Лату куби зан аз сӯи мард, акс аз бойгонӣ

Муҳоҷири тоҷик ба лату кӯбу таҷовузи духтари донишҷӯ муттаҳам мешавад

220
(Таҷдидшуда 17:02 17.09.2018)
Дар вилояти Ленингради Русия муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба таҷовузи як духтари донишҷӯ, хонандаи колеҷи маҳалӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти русия, дар вилояти Ленинград муҳоҷири тоҷик як духтари донишҷӯро ба таври ваҳшиёна лату кӯб намуда, ӯро таҷовуз кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин духтар хонандаи колеҷи маҳалӣ мебошад.

"Ҳангоми дер баргаштани донишҷӯ аз колеҷ ба хона, ба ӯ шахси ношинос ҳамла намуда ӯро ваҳшиёна лату кӯб карда таҷовуз мекунад", — таъкид кардааст манбаъ.

Пас аз чанд мудат донишҷӯ тавонистааст ба хонаи худ баргардад ва ба ёрии таъҷили занг бизанад.

Ҷинояткори гумонбаршуда аз тарафи пулиси шаҳри Санкт-Петербург дастгир шуд.

Ба гуфтаи манбаъ гумонбаршуда шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон мебошад.

Айни ҳол, мақомоти тафтишотии Русия муайян намудааст, ки муҳоҷири дастгиршуда, дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекардааст. 

220
Барчаспҳо:
латукӯб, ҷабрдидагон, Ленинград, духтар, Санкт-Петербург, донишҷӯ, муҳоҷир, тоҷик, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Японские граждане в масках

Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор

636
(Таҷдидшуда 15:41 25.10.2020)
Олимони Ҷопон нишон доданд, ки дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ, коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад ва одамони солимро сироят мекунад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ниқоби тиббӣ муассиртарин "силоҳ" барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад. Инро бори дигар олимони ҷопонӣ собит намуданд.

Онҳо зимни як таҳқиқот муайян намуданд, ки нафари мубтало бо коронавирус, дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ чӣ гуна вирусро паҳн мекунад. Вирус аснои сӯҳбат кардан ва ё суруд хондану сулфидан, зуд ба атроф паҳн мешавад.

Чун паҳншавии ин вирус бо чашм ноайн аст, аз ин рӯ аксар одамон пӯшидани ниқоби тиббиро, роҳи ҳалли пешгирӣ аз ин дард намебинанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки вирус дар сурати напӯшидани ниқоб, бо чӣ гуна суръат паҳн мешавад.

Як фавт ва 40 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз

Бо мақсади ба таври равшан нишон додани шиддати паҳншавии COVID-19, олимони Ҷопон рӯ оварданд ба технологияҳои навин. Барои ин, муҳаққиқон ба имкониятҳои суперкомпютери Fugaku, ки намоиши ҳаракати зарраҳои вирусиро дар лаҳзаи сухан гуфтан, суруд хондан ва ё сулфа кардани одам нишон медиҳад, рӯ оварданд.

"Агар мо нишон диҳем, ки чӣ гуна вирус метавонад паҳн шавад ва онро бо тамоми ҷаҳон мубодила кунем, пас шояд одамон ҷиддияти таҳдидро мустақилона тасаввур кунанд ва аз нуқтаи назари илмӣ андешанд, ки чӣ гуна чораҳо пешгирикунандаро андешид", - гуфт роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, профессор Kobe University & RIKEN Макото Субокуро.

Гузашта аз ин, олимон риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ зарур медонанд. Ба изҳори онҳо, вирус аснои суҳбат ва сулфа кардан, дар сурати риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ ба замин меафтад ва қобилияти аз замин боло шуданро надорад.

636
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, олимон, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ӯ то охири дунё қаҳрамон хоҳад монд: тоҷикон дар бораи пирӯзии Ҳабиб

132
(Таҷдидшуда 15:33 25.10.2020)
Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадовро дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон миллионҳо нафар тамошо кардаву ба он вокунишҳо карданд

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Размикори доғистони шоми гузашта ҳарифи амрикоияш Ҷастин Гетҷиро бо як маҳорити зебои ба худ хос шикаст дод.

Ин рақобатро дар баробари миллионҳом мухлисони сайёра дар тоҷикистон низ тамошо карданд.

Сафҳаҳои расонаҳои иҷтимоӣ то оғози рақобат пур аз таманниёти пирӯзӣ бар размикори доғистонӣ буду баъдан табрикборон шуд.

Яке офаринаш мехонду дигаре аз маҳорат ва сеюми табрикаш мекарду шери майдон мегуфт.

Ҷонӣ Сафарзода аз корбарони фаъоли фейсбук аз одамият ва шахсияти размкиор ситоиш карда, навиштааст: “Суҳробе, ки бе падар дигар мубориза намебарад!

Шояд манро ҳам ба Ҳабибпарастӣ гунаҳгор кунед. Аммо шахсияте, ки миллати манро, расму ойни манро, забони манро эҳтиром мегузорад чаро эҳтиромаш накунам. Рафтору гуфтори Исломияш худ як инсоният аст. Охирон муҳориба ва ғалабааш ба кулли мухлисонаш муборак! Ӯ то охири дунё вуҷуд дорад қаҳрамон хоҳад монд!".

Аъзам Акбаров, журналит ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ навиштааст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба таърихи варзиши ҷаҳонӣ абадӣ ҳамчун муборизи боинтизом, боодобтарин ва мағлубнашавандаи UFC дохил шуд!

Ҳолати ғайриинтизор барои ҳама мухлисон ин эълони хотимаи корномаи варзишгар буд.

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин набардаш аст ва бо ҳамин тарки майдон мекунад

Сорбон Амонуллозода бошад навиштааст: “Бо сари баланд тарки майдон кардан ба мисли оне аст, ки ҳамеша қаҳрамони майдон боқӣ мемонӣ. Ҳабиб ту ҳамеша барои мо қаҳрамон будӣ, ҳастӣ ва хоҳӣ монд!”.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик тарки майдон кардани размикорро қаҳрамонӣ хондааст. 

"Қаҳрамонии Ҳабиб дар айни шуҳрат тарки майдон карданаш аст! Бо сари боло ва обурӯ.
Бузургтарин ғалабааш ҳам ғалаба бар нафс ва васваса аст",- навиштааст Нақибзод.


Алӣ Ализод корбари дигар бошад навиштааст, ӯ меравад, меравад шикстнопазир. Ташаккур барои ҳама чиз, қаҳрамон!

Ёдовар мешавем ин нахустин рақобат ва пирӯзии Ҳабиб бидуни падараш буд, ки чанд моҳ меш фавтид.

Размикор пас аз пирӯзӣ дар майдон барои набуди падараш гирифт ва пирӯзияшро ба ӯ бахшид.

Завқибек Сайидаминӣ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст дар ин ҳолат бо ӯ гирист.

"ОҲҲҲ БЕПАДАРӢ.... Дишаб вақти дидани ин лаҳзаҳо дар баробри Ҳабиб сахт гиристам Ин ҳолатро фақат инсоне дарк мекунад, ки аз сояву дасти Дуои Падар маҳррум аст Сахти сахт аст, вақте ба мушкилие рӯ ба рӯ мешавиву ба насиҳату ҳидояти Падар зор, вале Ӯ канорат нест Ё дар коре муваффақ мешаву Ӯ нест, то дар канорат шодиву фахр кунад. Ҳамин аст, ки набуданаш лаззати ҳар муваффақиятро берангу беарзиш мекунад".

Ҳабиб Нурмуҳаммадов рақиби амрикоии худ Ҷастин Гетҷиро аз роҳи буғӣ кардан шикаст дод. Аз 29 муҳорибае, ки Ҳабиб анҷом додааст, ягон маротиба ба шикаст мувоҷеҳ нашуд ва акнун бидуни мағлубият дар ин намуди варзиш, ба фаъолияти худ нуқта гузошт.

Ёдовар мешавем, соли 2019 дар Душанбе низ пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Дастин Пуареро таҷлил мекарданд. Шабе, ки рақобати ин ду размикор ба ғалабаи Ҳабиб анҷом ёфт, сокинони зиёд дар пойтахт ба хиёбонҳо баромада, ғалабаи Нурмуҳаммадовро якҷо қайд мекарданд.

132
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

0
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия