Молоток судьи в зале суда

Пулро худашон гирифтанду дуздиро саҳнасозӣ карданд

434
Додгоҳи шаҳри Белови вилояти Кемероваи Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро барои дуздии пул аз мағоза аз 2,5 то се соли ҷазои шартӣ таъин намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар шаҳри Белови вилояти Кемеровои Русия се шаҳрванди Тоҷикистон барои дуздидани 1 миллиону 800 ҳазор рубл аз мағоза, ки дар он кор мекарданд, дастгир шуданд, иттилоъ додааст ВУД вилояти Кемерово.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси мағоза ба пулис шикоят бурдааст, ки шаб шахсони  номаълум вориди мағозааш шуда 1 миллиону 800 ҳазор рублро аз сандуқи оҳанин дуздӣ карданд.

“Дар рафти ҷустуҷӯи оперативӣ кормандони пулис шахсияти дуздонро ошкор намуданд. Дуздон, кормандони худи ҳамин мағохза буданнд. Онҳо пулҳоро гирифта сипас саҳнасозӣ кардаанд, ки гӯё мағозаро дузд задааст. Ҳоло маблағҳои дуздидашуда баргардонида шуд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Русия дар вилояти Кемерово.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин се нафар аз сандуқи оҳанин мағоза дар охири рӯз  пулҳоро гирифта, қулфҳои дарро шикаста, дуздиро саҳнасозӣ карданд. Сипас онҳо шабона ба ҷои дуздӣ баргашта дарҳоро боз карданд, то ки воситаҳои сигналдиҳӣ ба кор дароянд. Баъдан онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.  

Додгоҳ як шаҳрванди Тоҷикистон се сол ва ду нафари дигарро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ба ин се нафари саҳнасоз ҷазои шартӣ таъин намудааст.   

434
Барчаспҳо:
дуздӣ, дуздӣ, мағозаҳо, Тоҷикистон, тоҷик, Кемерово, Додгоҳ
День 31 мая

Ҷашнҳои рӯзи 31 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

54
(Таҷдидшуда 20:11 30.05.2020)
Рӯзи 31 май, Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку ва мубориза бо нобаробарӣ буда, дар Русия – Рӯзи адвокатура, дар Туркманистон Рӯзи гилемҳои туркманӣ ва дар Бритониё Рӯзи баҳор мебошад

Рӯзи 31 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1850 дар Фаронса ҳуқуқи интихобкунии оммавӣ бекор карда шуд.

Соли 1859 соати Биг-Бен дар манораи машҳури Лондон насб гардида, аввалин маротиба ба кор дароварда шуд.

Биг-Бен. Архивное фото
© Flickr / ale
Биг-Бен. Архивное фото

Соли 1879 дар Олмон аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.

Соли 1911 киштии мусофирбари "Титаник" бо зиёда аз 2200 нафар мусофир ба  роҳ баромад, ки  270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта, вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Титаник, архивное фото
Титаник, архивное фото

Соли 1961 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Рӯзи 31 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1960 корхонаи трансформаторбарории шаҳри  Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба истифода дода шуд.

Соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси  гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) якдилона қабул намуданд.

День 30 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду кишвар маълумот дода мешавад.

Соли 2016 зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, ба раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2018 Ташкилоти Умиҷаҳонии  Тандурустӣ (ТУТ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Ҷашнҳои рӯзи 31 май

  • Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку.
  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо нобаробарӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи адвокатура.
  • Рӯзи гилемҳои туркманӣ дар Туркманистон.
  • Рӯзи баҳор дар Британияи Кабир.

Рӯзи 31 май кӣ ба дунё омадааст

Леон Баринштейн (1893-1976)- доктори илми тиб, прфессор.

Нелли Карасева (1924) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов (1906 – 1979) – доктори илми филологӣ, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаидавлатии ба номи Сино.

Сергей Поляков (1932) – доктори илми таърих, профессор.

Эргаш Рўзиматов (1939 – 1998) – математик, профессор.

Сабзаҷон Шоисмоилова (1923 – 2002) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Файзигул Юсуфова (1974)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

54
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

75
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

75
Таблетки, архивное фото

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз суи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

0
(Таҷдидшуда 10:32 31.05.2020)
Вазорати тандурустии Русия як доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

“Авифавир на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад”,- гуфт директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Снаи 24 май, нахустурологии Вазорати тандурустӣ, академик Дмитрий Пушкар эълон карда буд, ки аввалин дору барои табобати коронавирус дар бозори Русия моҳи июн пайдо мешавад. Ба гуфтаи табиб, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тул хоҳад кашид.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Бино бар пояи оморҳои ахир давоми як рӯзи охир дар Русия 8952 ҳолати нави сироятёбӣ бо коронавирус ошкор шудааст. Дар маҷмӯъ, 396.575 нафар тасдиқ карда шуданд, ки аз он 4,5 ҳазор нафар фавтиданд, беш аз 167 ҳазор бемор шифо ёфтаанд.

0