Иран успешно протестировал российские С-300

Мушакҳои Эрон ҷангиёнро дар Сурия зери ҳадаф қарор доданд

251
Дар ин ҳамлаи мушакӣ Эрон бо чанд адад мушаки баллистики замин ба замин аз Кирмоншоҳ, макони террористҳоро дар кишвари Сурия зери ҳадаф қарор дод

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Эрон ташкилкунандагони амали террористӣ дар Аҳвозро мушакборон кард, иттилоъ доддаст шабакаи телевизионии  Press TV.

Нерӯҳои ҳавоии Эрон субҳи рӯзи Душанбе ба қаламрави Сурия ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳамла қисми зиёди террористоне, ки рӯзи 22 сентябр дар Аҳвоз амали террористӣ анҷом доданд,  нобуд карда шудунд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 22 сентябр ҳангоми режа (парад)-и низомӣ дар Аҳвоз шахсони номаълум аз паси саҳна ба тарафи мардум тирандозӣ карданд.

Тибқи маълумлт дар ин амали террористӣ 28 нафар аз ҷумла сарбозони  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ҷони худро аз даст доданд. Инчунин наздик ба 60 нафар иштироккунандагони режаи низомӣ захми шуданд.

Ин ҳодисаро гурӯҳи “Ҳаракати ватанпарастони демократии арабӣ дар Аҳвоз” (мамнуъ дар Русия), ки бо Арабистони Саудӣ робита дорад бар ӯҳда гирифт.

Баъд аз амали террористӣ дар Эрон 22 нафар дастгир шуд.

Роҳбари олии Эрон Алӣ Хоманеӣ гуфт, ки дар ин амали террористӣ “лӯхтакҳои амрикоӣ” даст доранд, ки мехоҳанд вазъи кишварро ноором созанд.

251
Барчаспҳо:
террористӣ, террорист, Сурия, мушакборон, мушакҳо, Эрон