Глава Чечни Рамзан Кадыров

Зуд биё: таҳдиди Қодиров ба ҷавони чечене, ки ӯро шарманда кард

1849
Қодиров гуфтааст, ки ҷавон ба зудӣ ба назди роҳбари кишвар ҳозир шавад, дар акси ҳол ба ҷустуҷӯяш мераванд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз кирдори ҷавони чечене  хашмгин шуда, аз вай даъват кардааст, ки бо зудӣ ба шаҳри Грозний ҳозир шаванд, дар акси ҳол ӯро пайдо мекунанд.

Ба иттилои паёми Қодиров дар Инстагарм, ба вай навореро равон карданд, ки дар он ҷавони чечен “Аҳмад-сила” гӯён шишаеро ба ҷониби ҷавони дигар ҳаво медиҳад. Эҳтимол меравад, ҳодиса дар метро рух додааст.

 “Пеш аз ҳама аз номи ҳамаи мардуми Чеченистон шахсан аз ҷавоне, ки нисбаташ ноҳурматӣ кардаанд, бахшиш мепурсам.  Ман аз дидани ин воқеъа ниҳоят ғамгин шудам ва шуморо бовар мекунонам, ки ин амал бе ҷавоб нахоҳад монд”, - навиштааст Қодиров дар саҳифаи иҷтимоияш “В Контакте”.

Вай инчунин афзудааст,  “шахсе, ки ин корро  кард,  мардум ва оини Чеченистонро муаррифӣ намекунад”.

“Акнун ман ба нафаре муроҷиат мекунам, ки бо кирдори аҳмақонааш ба номи миллати чичен доғ овард! Оҷилан, аз худат дарак деҳ ва аз куҷое набошад ба Грозний ҳозир шав ва бо хешу авлодат ба назди ман биё! Дар акси ҳол туро дар чанд соат пайдо мекунанд” – таъкид кардааст вай.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки кирдори ин ҷавон ба клуби “Аҳмад” иртиботе надорад.

Дар пайи ҳушдори Қодиров ин ҷавон бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барои рафтораш узр хост. Ӯ изҳор дошт, ки роҳбарияти Чеченистон ва волидонаш ӯро сарзаниш карданд ва бори дигар барои рафтораш аз ҳама узрхоҳӣ намуд. 

1849