Мухиддин Кабири (слева) и Саидмукаррам Абдулкодирзода (справа) на международной исламской конференции в Иране

Хоҳиши Абдулқодирзода аз муфтиҳои ҷаҳон: ҲНИ-ро ташкилоти терористӣ эътироф кунед

857
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар чаҳорумин Конфронси байналмилалии Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон ширкат карда, гуфтааст, "вақти он расидааст то ТЭТ ҲНИ ташкилоти терористии байналмилалӣ эътироф шавад"

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз уламои исломии кишварҳои ҷаҳон хост то ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ-ро ташкилоти терористӣ эътироф кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Маркази исломии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, муфтии Тоҷикистон 17 октябр дар конфронси байналмилалии Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ" иштирок ва суханронӣ намуд.

"Зимни суханронии худ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зарурати содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТЭТ ҲНИ таъкид намуда, иброз дошт, ки вақти он расидааст, то ТЭТ ҲНИ ба сифати ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардад", - менависад манбаъ.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар рафти суханронии худ даъват намудааст, ки "идораҳои дахлдори динии кишварҳо барои маҳкум сохтани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар сатҳи ҷаҳонӣ фатвоҳои лозима содир намоянд".

Ҳамчунин муфтии Тоҷикистон афзудааст, ки "ҲНИ аз ташкилоти "Ихвон-ул-муслимин" сарчашмаи идеологӣ мегирад".

Дар конфронс муфтиҳои 73 кишвари ҷаҳон иштирок кардаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҳодисаи хунини Данғара низ гуфтааст.

857