Президент России Владимир Путин в Узбекистане

Оғози сафари расмии Владимир Путин ба Узбакистон

252
Дар рафти мулоқот Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев вазъият ва имконияти рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтушунид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз барои анҷом додани сафари расмӣ, вориди Узбакистон шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти асосии тарафҳо ҳамин рӯз баргузор мегардад.

Тавре, ки манбаъ хабар додааст, зимни мулоқот сарони кишварҳои Русия ва Узбакистон вазъият ва имконияти рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мулоқот хоҳанд кард.

Илова бар ин,  Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси умумии аввалин форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Узбакистон дар мавзӯи  “Хоҷагии қишлоқ ҳамчун самти асосии рушди муносибатҳои Русияву Узбакистон”, ширкат мекунанд.

Инчунин, қарор аст, роҳбарони ду давлат дар маросими ифтитоҳи аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар Узбакистон иштирок намоянд.

Пештар Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия хабар дода буд, ки зимни мулоқот роҳбарони Русия ва Узбакистон вазъияти Афғонистон ва рушди ҳамкориҳоро дар чаҳорчубаи СҲШ баррасӣ хоҳанд кард.

Президент РФ Владимир Путин, архивное фото
© Sputnik / Алексей Никольский

Дар ҳамин ҳол, Абдусалом Азимов, вазири дифои Узбакистон гуфта буд, ки мардуми Убакистон сафари Путинро ба кишвар интизор мебошанд.

Вай таъкид карда буд, ки Узбакистон мақсад дорад ҳамкориҳоро бо Русия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи низомию техникӣ рушд диҳад.  

“Ман фикр мекунам ин мулоқот ба муносибатҳои ояндаи ду кишвар тақвият мебахшад ва мо умедворем ҳамкориҳоямонро дар ҳама соҳаҳо рушд диҳем”, - гуфт Азизов.

252
Барчаспҳо:
гуфтушунид, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон, Владимир Путин, Путин, Русия