Израильские дайверы нашли самый большой в стране клад золотых монет

Эрон ба “Султони сикка” ҳукми қатл дод

187
(Таҷдидшуда 20:08 22.10.2018)
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Эрон эълон намуда буданд, ки “Султони сикка”-ро, ки бо ёрии шариконаш дӯ тонна тилло ҷамъ карда буд, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Додгоҳи Эрон Воҳид Мазлумин, ки бо  тахаслуси “Султони сикка” машҳур аст, ҳукми қатл додааст, иттилоъ додааст хабаргузории Tasnim бо истинод ба намояндаи расмии додгоҳи Эрон Ғуломҳусайн Муҳсини.

Дар аввали моҳи июли соли равон роҳбари пулиси Теҳрон  Ҳусайн Раҳимӣ хабар дода буд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи Эрон, “Султони сикка”-ро, ки бо ёрии шариконаш дӯ тонна тилло ҷамъоварӣ карда, ва онҳоро ба фоидаи калон фурухта аст, дастгир намуданд.

Роҳбари пулиси Эрон илова карда буд, ки “Султон” дар бозори танга қаллобӣ карда, ба бӯҷаи кишвар зарари ҷиддӣ расонидааст.

Тавре, ки Ғуломҳусейн Муҳсинӣ хабар додааст, додгоҳи махсус Мазлуминро барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ва маккориаш, ки ба иқтисоди кишвар зарар ҷиддӣ расондааст, ҳукми қатл содир намудааст.

Баррасии такрории ҳукм дар додгоҳ натиҷае надод, ҳукми содиршудаи додгоҳ боқӣ монд.

187
Барчаспҳо:
Додгоҳ, қатл, ҳукми эъдом, Эрон