Председатель ЛДПР Владимир Жириновский

Рақси Жириновский дар иҳотаи духтарони бухороӣ ва идомаи зиёфат (НАВОР)

1061
Раиси ЛДПР пас аз боздид аз Душанбе ба Тошканд сафар кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори пешвози узбакистониён аз раиси ҳизби либерал - демократи Русия пайдо шуд. Дар он Жириновский дар иҳотаи духтарони бухороӣ рақс ва дар тарабхонае зиёфат мекунад

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Як корбари Инстаграм навореро мунташир кардааст, ки дар он раиси Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновскийро сокинони Бухоро бо рақсу тарона пешвоз мегиранд.

Дар он дида мешавад, ки Жириноский дар иҳотаи духтарону ҳунармандон рақс мекунад.

Ҳамчунин дар як навори дигар ӯро дар тарабхонае зиёфат медиҳанд. Мизбонон барои ӯ барраеро омода кардаанд. Жириновский ваъда медиҳад, ки аз ҳамаи таомҳои омодакардаашон мечашад.

Сокинони Бухоро аксҳои худро бо ӯ мунташир мекунанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#жириновский#bukhara#buxara#oldcity

Публикация от Maxliyo Rakhmanova🎀 (@maxshax)

Ёдрас мешавем, раиси ҳизби либерал - демократи Русия аввал ба Тоҷикистон сафар карда, 3 рӯз дар кишвар монд. Сафари сиёсатмадор ба Узбакистон 2 рӯзро дарбар мегирифтааст. Ӯ гуфтааст, ки дар Бухоро низ бо зиндагии мардуми оддӣ ошно хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, мақомоти Тоҷикистон низ Владимир Жириновскийро хуш пешвоз гирифтанд. Ӯ бо намояндагони парлумони кишвар, вазири умури хориҷа ва раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард. Раиси ЛДПР маззаи қурутоби тоҷикиро чашид ва ба меҳмондории тоҷикон баҳои баланд дода гуфт, ки барои додани мақоми махсус ба тоҷикон дар Русия кӯшиш хоҳад кард.

1061