Книги на выставке таджикской литературы

Гулсифат Шаҳидӣ ба даври ниҳоии ҷашнвораи адабӣ дар Тайланд роҳ ёфт

46
(Таҷдидшуда 13:04 13.11.2018)
Барои пирӯзи дар ҷашнвораи адабӣ намояндагони кишварҳои зиёд, аз ҷумла Озорбойҷон, Белорус, Инданезия, Амрико, Англия, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, Украина ва Тоҷикистон ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ба даври ниҳоии ду “номинатсияи” 7-умин ҷашнвораи адабии Open Eurasian Festival & Book Forum дар Тайланд роҳ ёфтааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино бар иттилоъи манбаъ Шаҳидӣ на танҳо барои пирӯзи дар ду номинатсия ширкат мекунад, балки маҷмӯаи ҳикояҳояшро дар доираи 7-умин ҷашнвораи байналмилалии Оpen Eurasian Literature Festival & Book Forum, ки 23 ноябр дар Банкок доир мегардад,  рӯнамоӣ мекунад.

Барои пирӯзи дар ин ҷашнвора намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Озорбойҷон, Белорус, Инданезия, Амрико, Англия, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, Украина ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар ин ҷашнвора 10 дархост равон намуда буданд. Дар маҷмӯъ барои иштирок дар ин ҷашнвора 700 дархост аз кишварҳои гуногун ирсол шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шумораи хоҳишмандони тоҷик барои иштирок дар чунин ҳамоиш сол аз сол меафзояд.

Ҳамоиши Open Eurasian Festival & Book Forum – ин ҷашнвора ва форуми байналмилалии адабие мебошад, ки шоирон, нависандагон, расомон, коргардонҳо ва дигар ашхоси эҷодиро аз тамоми гӯшаю канори дунё бо ҳам меорад.

Ин ҷашнвора хусусияти ошкорбаёнӣ ва ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои гуногуни эҷодӣ дошта, имкон медиҳад гуфтушунидҳоро дар фазои адабиву фарҳангӣ зиёдтар намояд. Инчунин, ҳамоиши мазкур ба муалифон имкон медиҳад ба ҳамин восита худро муарифӣ намоянд.

46
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тоҷик, Тайланд, Нависанда, Шаҳидӣ