Следственный изолятор, архивное фото

Минск аз истирдоди футболбози ришдори тоҷик худдорӣ кард

69
Додситонии кулли Белорус барои истирдоди собиқ бозингари тими "Хайр" Парвиз Турсунов, ки бо риши дароз дар Тоҷикистон шинохта шуд, асосе наёфтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Додситони кулли Белорус аз истирдоди собиқ бозингари тими "Хайр" Парвиз Турсунов, ки дар Тоҷикистон дар узвият ба ташкилоти экстремистӣ муттаҳам мешавад, худдорӣ кардааст. Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба намояндаи додситонии Белурос Дмитрий Брилев хабар медиҳад.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Белорус шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Турсуновро, ки дар пайгарди байналмилалӣ эълон гардида буд,  18 сентябр дар фурудгоҳи Минск боздошт карданд. Ӯро бо дархости ҷониби Тоҷикистон  ба ҳабс гирифта буданд.

"Шонздаҳуми ноябр Додситони кулли Белорус қарор баровард, ки ба дархости истирдоди варзишгари тоҷик посухи рад диҳад. Зеро дар ҳудуди Белорус он амалҳое, ки ӯ дар Тоҷикистон муттаҳам мешавад, ҷиноят ба ҳисоб намераванд", - хабар додааст Брилев.

Дар ҳамин ҳол, вай афзудааст, ки дар Белорус нафароне муҷозот карда мешаванд, ки ба ташаккули ифротгароӣ, ё роҳбарии чунин ташкилот, ё маблағгузории онҳо муттаҳам мешаванд.

"Асос дар мосоили истирдод - муҷозоти дукаратаи амал аст. Яъне дар ҳамон ҳол метавон истирдод кард, ки муттаҳам тибқи қонунгузории ҳурду кишвар маҳкум шавад. Дар ҳолати Турсунов ин асос амалӣ нашуд, ки дар натиҷа Минск аз истирдодаш худдорӣ мекунад", - тавзеҳ додаанд аз Додситонии кулл.

Вай ҳачунин гуфт, ки пайгарди байнидавлатӣ нисбати ин зодаи Тоҷикистон дар Белорус бекор карда шуд.

Намояндаи додситонӣ афзудааст, ки баррасии масъалаи истирдоди Турсунов дар оянда дар ваколати ВУД аст.

69