Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото

Афғонҳоро бо доруҳои “ҳалол”-и Русия табобат мекунанд

69
Бунёди хайриявӣ-ватанпарварии мусалмонҳои Русия сокинони сахт ниёзманди Афғонистонро бо доруворӣ таъмин мекунад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Намояндагони бунёди хайриявӣ-ватанпарварии мусалмонҳои Русия гурезаҳо ва беморхонаҳои Афғонистонро бо доруворӣ таъмин мекунанд.

“Маҳсулоти башардӯстона аз 67 намуди доруҳои гуногун иборат буда барои табобати касалиҳои шуш, меъдаю руда, буғуму пайвандҳо, чашм ва инчунин лавозимотҳо барои ҷароҳат пешбинӣ мешаванд. Ҳамаи доруҳо дар Русия бо риояи қавоини дини Ислом тайёр карда шудаанд”, - ба хабаргузории Sputnik тавзеҳ дод роҳбари бунёд Рустам Ҳабибуллин.

Вай инчунин қайд кардааст, ки дар тайёр кардани ин доруҳо аз маҳсулотҳои ҳаром ба монанди глитсерин (чарбӯи хук), кармина (қирмизи хушки ҳашарот) худдорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Ҳабибуллин хайрияи башардӯстонаро вилоят ва маҳалҳои зиёд ниёзманд ба дорувориҳо ба даст оварда метавонанд. Барои ҳамин тақсимот аз минтақаҳои шимоли Афғонистон оғоз шуда аллакай қисмати аввалини доруҳо ба Ҳайратон фиристода шуданд.

“Мо барои кумаки Афғонистон мувофиқи барномаи хайрхоҳона нақшаҳои зиёд дорем. Мо мақсади ба таври фаъолона ёрӣ расонидани онҳоро дорем. Алакай намояндаҳои бунёдро аз дохили афғонҳо интихоб карданд. Худо хоҳад мо боз ҳам барои Афғонистон ҳиссаи худро мегузорем”, - гуфт роҳбари бунёди мазкур.

Мақсад он аст, ки тақсимоти дорувориҳо ба таври суроғавӣ сурат мегирад, яъне аз даст ба даст ва муҳим он, ки хайриёт мувофиқи Ислом бояд ҳалол бошад ва аз таҳти дил дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Узбакистон ба ҷабрдидагон аз хушксоли дар Афғонистон ба сифати ёрии башардӯстона зиёда аз 3 ҳазор тонна гандум кумак карда буд. Тақсимоти гандум дар Ҳайратони Афғонистон гузаронида шуда буд.

69
Барчаспҳо:
бунёд, кумак, маводи доруворӣ, Афғонистон