Агар ба 10 кас равон кунӣ...: WhatsApp ирсоли паёмакҳоро маҳдуд кард

CC0 / Pexels / Месенджер WhatsApp, архивное фото
Месенджер WhatsApp, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мессенҷери WhatsApp дар паҳн кардани паёмакҳо маҳдудият ҷорӣ кард. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, далели ин иқдомашон босуръат паҳншавии маълумотҳои бардурӯғ мебошад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. WhatsApp дар паҳн кардани паёмакҳо маҳдудият ҷорӣ кард, хабар медиҳад вебгоҳи Metro.

"Аз ҳамин рӯз ҳар як истифодабаранда метавонад дар як вақт танҳо ба панҷ нафар ё гурӯҳ паёмак ирсол кунад", - изҳор доштааст муовини президенти ширкат Виктория Гранд.

Ба гуфтаи масъулин, мақсад аз ин иқдом пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ мебошад.

Гуфта мешавад, дар ду сол дар Ҳиндустон издиҳом пас аз гирифтани маълумоти бардурӯғ, ки кӯдакеро дуздидаанд,40 танро куштаанд. Моҳи гузашта ду марди бегуноҳро дар пайи ғайбату овозаҳо дар WhatsApp зинда ба зинда сӯзониданд.

WhatsApp барномаи бузургтарин барои паҳн кардани маълумотҳо ба ҳисоб меравад. Бино бар маълумоти расмӣ, аз ин мессенҷер бештар аз 2 миллион нафар истифода мебаранд. Аз тирамоҳи соли 2014 WhatsApp ба ширкати Facebook Inc тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0