Беҳтарини беҳтаринҳо: номзадҳо ба ҷоизаи "Оскар-2019" маълум шуданд

© REUTERSГлавные победители Оскара 2017 года: Кейси Аффлек (крайний справа), Виола Дэвис (в красном платье), Эмма Стоун и Махершал Али
Главные победители Оскара 2017 года: Кейси Аффлек (крайний справа), Виола Дэвис (в красном платье), Эмма Стоун и Махершал Али - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли равон дар номинатсияи "Беҳтарин филм"- Оскар ҳашт филм пешниҳод гардидаанд. Ду филм метавонад дар як вақт соҳиби шаш мукофот шавад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Академияи санъати кинематографии Амрико рӯйхати номзадҳои ҷоизаи "Оскар-2019"-ро мунташир кардааст.

Танҳо ду филм "Маҳбуб"- и Йоргас Лантимос ва "Ҳокимият"-и Адам МакКей метавонанд дар як вақт соҳиби чанд мукофот шаванд. Ҳарду филм ба  шаш номинатсия пешниҳод шудаанд.

Имсол ба номинатсияи "Беҳтарин филм"-и Оскар ҳашт филм пешниҳод гардидаанд: "Маҳбуб", "Ҳокимият", "Юзи сиёҳ", "Достони бесарусомон", "Ситора тавлид шуд", "Китоби сабз" ва "Рома".

Барои ба даст овардани ҷоизаи беҳтарин нақши мардона Рами Малек, Кристиан Бейл, Вигго Мортенсен, Брэдли Куперва Уиллем Дефо пешниҳод шудаанд.

Барои беҳтарин нақши занона Гленн Клоуз, Леди Гага, Оливия Колман, Мелиссаи МакКарти ва Ялисаи Апарисио мубориза мебаранд.

Маросими супоридани ҷоизаи Оскар охирҳои моҳи ферал дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0