Председатель Национального антикоррупционного комитета Кирилл Кабанов

Коршинос: кишварҳои Ғарб дар Осиёи Миёна тиҷорати олуда ба фасодро пеш мебаранд

154
(Таҷдидшуда 18:49 29.01.2019)
Раиси Кумитаи миллии зиди коррупсионии Русия Кирилл Кабанов дар бораи он, ки ба раддабандии созмони байналмилалии Transparency International бовар кардан мумкин нест чунин шарҳ дод

Созмони ғайридавлатии Transparency International “Намояи (индекс) дарки коррупсия ва ё ришва”-ро барои соли 2018 пешниҳод кардааст, ки дар он Тоҷикистон аз 100 холи дар назар буда соҳиби 25 хол гашта, дар ҷои 152-юм қарор гирифтааст.

Ҳамин тавр Тоҷикистон аз рӯи ин намоя рӯ ба беҳбуд гузошта аз нисбати соли 2017, ки 21 холро соҳиб гашта буд чор зина боло рафта дар соли 2018 ба 25 хол расидааст.

Аммо ба гуфтаи Кабанов ба рейтинги Transparency International бовар кардан дуруст нест.

“Ҳастанд баъзе коршиносоне, ки бо ким кадом роҳҳои номаълум коррупсияро дарк мекунанд. Дар ин ҳол агар ба ягон  вазъи сиёсии муайяне нигарем, вақте ки ба Ғарб муфид бошад сатҳи фасодзадагии дар он кишвар дар муддати кутоҳ поён ва ё боло меравад. Барои ҳамин ба ин таҳқиқот бовар кардан лозим нест. Коррупсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ худ ин як таърихи алоҳида аст. Бисёре аз кишварҳои Ғарб дар ин минтақа дидаю дониста тиҷорати олуда ба фасодро роҳандозӣ кардаанд”, - ба эфири радио Sputnik Тоҷикистон гуфт коршинос.

Ба гуфтаи вай ин созмон ба воситаи чунин раддабандиҳо баъзе ҳаракатҳои сиёсии худро пиёда месозад.

Шарҳи муфассалро дар сабти овозӣ гӯш кунед.

154