Аламафруз Абдуллаев, мигрант спасавший пострадавших в Магнитогорске

Узбакистон Оламафрӯзро, ки Шӯҳратро низ наҷот дод, бо медал қадрдонӣ кард

134
Оламафрӯз Абдуллоев як сокини тоҷикзабони Узбакистон, ки дар ҳодисаи Магнитогорск 8 нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон Шӯҳрат Улфатовро наҷот дода буд, қадрдонӣ шуд. Оламафрӯз аввалин нафаре буд, ки аз зери вайронаҳо Шӯҳратро пайдо кард ва то интиқолаш ба бемористон бо вай монд

ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Шаҳрванди Узбакистон Оламафрӯз Абдуллоев, ки 31 декабри соли 2018 дар Магнитогорски Русия дар ҳодисаи таркиши газ 8 нафарро наҷот дод, бо медал қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон хабар медиҳад.

Маросими ботантанаи медалсупорӣ дар Консулии генералии Узбакистон дар Екатеринбург баргузор шуд.

Афзун бар ин, ба Абдуллоев ифтихорнома вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комиловро супориданд.

Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки Абдуллоев барои саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қадрдонӣ мешавад.

Награждение Аламафруза Абдуллаева, архивное фото
Награждение Аламафруза Абдуллаева, архивное фото

Ҳамчунин ширкати милли ҳавопаймоии Узбакистон ба Оламафрӯз як парвози ройгон то Тошканд ҳадя кардааст.

Ҳодисаи Магнитогорск

Субҳи 31 декабр, ки мардуми Русия дар ташвиши таҷлили соли нав буданд, як подъезди бинои 9-қабатае  дар Магнитогорск фурӯ рехт. Дар пайи ҳодиса 39 тан, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Хонаводаи Шӯҳрат Улфатов дар бинои шашум зиндагӣ мекарданд. Шӯҳрат Улфатовро худи ҳамон рӯз як муҳоҷири тоҷики узбакистонӣ Оламафрӯз Абдуллоев пайдо кард. Вақте ҷавони узбакистонӣ Шӯҳратро аз зери вайронаҳо пайдо мекунад, ӯ маҷрӯҳ, вале дар худ будааст. Ӯ гуфтааст, ки зану фарзандаш ба берун баромаданд.

Аммо ҷасади ҳамсару фарзандони Шӯҳрат - Раҷабмо Исоеваи 24-сола, Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-соларо рӯзи 3 январ аз зери харобаҳо бароварданд. Ҷанозаи онҳоро 6-уми январ дар зодгоҳашон ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба хок супурданд.

134