Мулоқоти ғайрирасмии Путин бо Жээнбеков дар Сочи

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент РФ Владимир Путин и президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Сочи мулоқоти ғайрирасмӣ кард  

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо роҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Сочӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд, гуфтааст сухангӯи Президенти Русия Дмитрий Песков.

Песков, ҳамчунин илова намудааст, ки роҳбарони ҳарду кишвар масоили минтақавиро низ баррасӣ намуданд.

“Роҳбарони ҳарду кишвар сатҳи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, назарияашонро нисбати як қатор масоили минтақавӣ иброз намуданд”, - қайд кардааст Песков. 

Инчунин, тарафҳо доир ба масъалаи омодагии сафари дар пешистодаи Путин ба Қирғизистон гуфтугӯ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки гуфтушунидҳои Путин бо Жээнбеков дар шакли вохӯрии ғайрирасмӣ дар шаҳри Сочи сурат гирифтанд.   

Лентаи хабарҳо
0